24 Декабр 2019
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода таҳти унвони “Террроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!” бо ҷавонон доир гардид.
Пас аз танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода суханонӣ намуд. Зикр гардид, ки
солҳои охир яке аз мушкилиҳо, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Пешвои муаззами миллат борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ саҳми ҷавонон хеле назаррас мебошад ва бояд якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор корро дар ин раванд густариш ва тақвият додан зарур мебошад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ ҳар фарди ҷомеа ва махсусан ҷавонон мебошад.
Тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон ба 15 нафар ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа – экстремизм ва терроризм, фаъолияти шоиста ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва иштироки фаъолона дар чорабинҳои сиёсӣ, оммавӣ-фарњангӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Сипас прокурори шањри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи якум Сафаралӣ Самизода, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Гулистон Лутфулло Иззатов суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо ҷавонон Аҳлиддин Абдураҳмонов, Муборак Давлатова , Оятулло Ҳоҷиев, Ҳуснигул Даминова, Рамазон Аъзамов, Нигина Зоидбоева, Бобохоҷа Асроров, Моҳрӯ Абдукаримова, Гулафшон Давронова ва Шодмон Аҳмадов ибрози андеша карда, падидаҳои номатлубро сахт маҳкум намуданд.