Матни равон

Ҳар гоҳ, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ (садқаи номи Сайид ва Юнус шавад ва гузашта аз ин тахаллуси Истаравшанӣ, ки мардуми Суғдзамин ва махсус Истаравшан аз вуҷуди аблаҳе бо ин ном ор мекунанд ва ҳамчунин ба унвони сафорати Эрон номае равон намуда буданд, ки тахаллуси “Истаравшанӣ” аз номи ин бадзот бардошта шавад ва обрӯи ин мардуми шарифро, ки таърихи беш аз 2500 сола доранд бо амалҳои нопокаш доғдор насозад) ба чашм мерасад ин сухан ба ёд меояд.

Магасе гуфт: кист чаҳор дирҳам гирифта маро ба асал бирасонад, чун ба асал расид дар он фурӯ рафт гуфт, кист чиҳил дирҳам гирифтаву маро аз ин ҳалокат бираҳонад.

Ҳангоме ки ӯ бо дасисаҳои хоҷагони ҳарамиаш ба ин “асал” бирасид ва роҳи бозгаштро баҳри худ душвор дид бо пойҳои фурурафта танҳо “ғингосе” аз ӯ ба фазо монд. Шояд фикр мекунад, ки бо ин “ғингос”-ҳои беҷо аз он варта наҷот меёбад. Дар ин ҳол сармоядорон ба лағжишҳои ӯ ҳангоми такопӯ лаҳзае хушҳолӣ мекунанду бас. Мегӯянд, касе ки фақат дар фикри сер кардани шикам аст ақлро гурусна гузошта аст. Дар воқеъ ӯ барои серии шикам дар он варта афтодааст, боз файласуф будааст. То ҷое ба зеҳн мерасад дар гузашта файласуфҳо мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, соҳиби ихтироот ва навгониҳои бемисл буда муаррифгари халқу миллати худ ба шумор мерафтанд. Вале Худо нигаҳ дорад аз ингуна файласуфҳои иғвоангез, ки барои манфиати ким кадом лаине мардумро ба сӯи гумраҳӣ мекашонанд. Баъзан афроде ҳастанд, ки нимае аз умри худро сарфи бадбахт кардани нимаи дигар мекунанд.

Пас имрӯз ба ингуна афрод файласуфҳо ҳам шомил шудаанд. Охир қазоват кунед нафаре, ки солҳост дар хориҷ аз кишвар ҳасту аз боду ҳавои бегона рӯҳу тани худро қувват бахшидааст чӣ гуна метавонад бар манфиати миллату давлати мо коре бикунад, аслан ӯ ҳақ надорад, ки дар ин маврид даҳон боз кунад. Аммо чун ҳадаф аз ин амал ба даст овардани маблағи муфт ва хушомадгӯии Охундонаш ҳаст масалеро ба ёд меорад, ки “Баъзеҳо барои сарбаландии дигарон то миён хам мешаванд”.

Содирҷон Қосимов,

муовини директори МТМУ №7-и

шаҳраки Адрасмон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:366
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5139
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5505
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21333
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41657
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8786384

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?