Матни равон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз тасдиқи рӯзнома ва интихоби ҳайати котибот иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуд.

 

Ба муҳокимаи баррасии рӯзномаи иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2019, дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2020, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Мирзо Турсунзода” №18 оид ба ваколатҳои вакилӣ, дохил кардани тағйироту иловаҳо ба буҷети шаҳр дар соли 2019 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр пешниҳод гардиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2019 маърӯза намуд. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакилон Каромат Қосимова, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Лоиқ», № 34, Сафар Нурматзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Гулдара», № 20 иштирок карданд. Сипас сардори Раёсати молияи шаҳр Аъзам Муротзода доир ба масъалаи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2020 маърӯза кард. Доир ба ин масъала аъзои комиссияи доимӣ Убайдулло Анваров, вакили аз ҳавзаи интихоботии «Наврӯз», № 22 ба музокира баромад. Роҷеъ ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг аъзои Комиссияи доимӣ Райҳона Ҳамзалимова, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Адрасмон», № 25 суханронӣ намуд. Вакилон инчунин ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Мирзо Турсунзода”, № 18 Шарифҷон Абдуллоевро баррасӣ намуданд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар фарҷоми иҷлосия Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба вазифаҳои дар пешистода ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори тафтишотӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо зарур аст, ки ҳангоми корбарӣ бо соҳибкорон ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд. Зикр гардид, ки дар Паём кормандони соҳаи маориф вазифадор гардидаанд, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва шахсони ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар кори иҷлосияи XXII Маҷлиси вакилони халқи шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов, директори маркази стандартизатся, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят иштирок дошт.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1404
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10577
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39136
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771526

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?