Матни равон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Соли 2019 бо рӯйдодҳои фараҳбахш ва илҳомбахш – ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода дода шудани агрегати дуюмини Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷлили ҷашни ҳумоюни 28-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнии 25-солагии Конститутсия ва дигар рӯйдодҳо рост омад. Дар ин соли пурфайз мардуми шаҳри Гулистон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми босазо гузоштанд.

Бо шарофати татбиқи сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозӣ гардидани иқдоми Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рушди бомароми иқтисодӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият соли 2019-умро хотирмон гардонидааст.

Дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол намудаи корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 3 миллиард сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба соли 2000-ум 350 маротиба афзудааст. Имрӯз шаҳри саноатии мо беш аз 27 фоизи ҳаҷми маҳсулоти вилояти Суғдро таъмин намуда, зиёда аз 64 намуди аслии маҳсулотро истеҳсол мекунад. Шаҳри Гулистон бо 21 кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дошта, ҳаҷми содирот нисбати воридот 5,3 маротиба афзудааст. Шаҳри мо шаҳри дорои имконоти калони рушди соҳаи туризм буда, ташрифи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ сол аз сол ба маротиб зиёд мегардад. Ин нишондиҳандаҳои арзанда ва комёбии калони гулистониён мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳоро самараи Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва эътиқоди сокинони шаҳр ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ин лаҳзаҳои хотирмон мо бо ин ҳама дастовардҳои меҳнатӣ соли 2019-умро гусел ва соли нави мелодии 2020-умро бо шукргузорӣ аз сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат, бо эътиқоди қавӣ ба фардои нек, музаффариятҳо дар ҳама самтҳои фаъолият пешвоз мегирем. Сокинони шаҳри Гулистон бо ифтихормандӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳамеша кору пайкор доранд. Анъанаву таҷрибаи пешқадаму некро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ густариш ва таҳким мебахшанд.

Соли 2020 соли маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Дар ин росто, итминони комил дорам, ки соли нави милодӣ низ барои мардуми кишвар, аз ҷумла, сокинони шаҳри Гулистон соли бобарору пурфайз, соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку дастоварҳои меҳнатӣ хоҳад шуд.

Солҳои 2019-2021-ум Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, боварӣ дорем, ин иқдом моро бештар ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба ҳунаромӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, тарғиби шуғли пурмаҳсул, фарҳанги ватандориву ватанпарварӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзамон, мо ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои зиёди созанда дорем ва барои иҷрои сифатнок ва саривақтии онҳо масъул ҳастем. Ҳамаи ин ба дӯши мо масъулияти баландро гузошта, вазифадор менамояд, ки дар ҳамаи самтҳо фаъолияти хешро густариш дода, барои ободонӣ, хуррамӣ ва сарсабзии кишвари азиз ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ талош намоем.

Бо чунин ниятҳои нек тамоми сокинони шаҳри Гулистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бароятон саодати рӯзгор, зиндагии пурнишот, дасторхони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназири меҳнатиро таманно дорам.

Соли нави милодӣ муборак бошад, ҳамшаҳриён!

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2667
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12391
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:68469
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7710389

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?