Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот бо гурӯҳи ташвиқотӣ оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, сарварони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, намояндагони ҷомеаи меҳнатии корхонаҳои саноатӣ, бонувону ҷавонони шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода мулоқотро ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шудаанд. Сокинони шаҳри Гулистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, самтҳои асосии онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.

Сипас роҳбари  гурӯҳи ташвиқотӣ, директори мактаби президентӣ Мадина Набизода, собиқадори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳамрохон Атаева, дотсенти МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳалим Зоиров ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслима Ҷамолиён доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар суханронӣ намуданд.

Директори марказхи дарёфти рушд ва истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №1 Зубайда Раҳмонова роҷеъ ба Паёми пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз карда, шукргузорӣ аз сиёсати маорифпарварона ва фарҳангпешаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон намуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:113
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5139
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5252
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21333
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41404
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8786131

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?