Матни равон

Роҷеъ ба натиҷагирии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр бо иштироки муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон баргузор гашт.

Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр  гардид, ки давоми  соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ  184,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 104,3 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 7,6 миллион  сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ  51,6 миллион сомонӣ ё 106,8 фоиз ба иҷро расонида шуда, аз нақша 3,3 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ ба маблағи 80,5 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум ба маблағи 3,1 миллион  сомонӣ зиёд, ё ин ки ба 104% баробар мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ин давра 158,4 миллион сомонӣ буда,  100,1 фоизро ташкил дод.

Дар давоми соли 2019 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 642, 2 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 621, 6 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими  хориҷӣ ва 20,6 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  соли 2019 ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд., ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 32,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 32 корхонаи саноатии шаҳр 21-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100% то ба 216 % зиёд таъмин намуданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр бо 21 кишварҳои ҷаҳон ҳамкории тиҷоратӣ дошта, маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 197,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳамчунин, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 37,2 миллион доллар баробар буда, фарқияти содирот аз воридот 5,3 маротиба зиёд гардид. Давоми соли ҳисоботӣ дар шаҳри Гулистон 5 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуда, барои 125 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар маърӯза инчунин дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар музокира сардори идораи андози шаҳр Заррина Раҳмонова, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Саъдуллоӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқро мушаххас таҳлили интиқодӣ намуда, ба масъулини соҳаи маориф ва тандурустӣ,  молия, андоз, барқ ва ҷамоати шаҳракҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаҳо ва барномаҳои фаъолият, инчунин доир ба иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас ва вазифагузориҳо намуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботии фаъолон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба корхонаву идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар натиҷагирии ниҳоии соли ҳисоботӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳо сарфароз карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1302
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3308
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7887
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23111
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:76360
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85231
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2613651

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?