Матни равон

Боиси ифтихор ва шукргузории мо тоҷикистониён аст, ки кишвари мо рӯз то рӯз дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфуз пайдо карда истодааст. Бо ибтикор ва иқдомҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба давлате, табдил ёфта истодааст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрат барои соири кишварҳои дигар гаштааст.

Таҷрибаи сулҳи деринтизори тоҷикон намунаи олии ин гуфтаҳост. Ҷойи аз ин гуфтаҳо изҳори сипосу шодмонӣ намудан, баъзе аз афроди кӯрнамак, ки худро «ҳомиёни миллат» нишон медиҳанд, беҳудаву беасос  сӯйи Ватану ҳамватанони худ санги маломат мезананд. Онҳо дар зери сояи хоҷагони худ дур аз Ватан истода, номи Тоҷикистонро сиёҳ карданӣ мешаванд. Онҳо дигар роҳе надоранд, зеро имрӯз Аврупо Тоҷикистонро чун кишвари озоду обод ва амну субот шинохтааст. Онҳо дигар имкони он ҷо мондан надоранд, чунки Аврупо низ онҳоро шинохт. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин гуна ашхос ҳеҷ гоҳ дар ёди Ватан набуданду нестанд. Танҳо барои манфиатҳои хусусию шахсӣ сайъю кушиш намуда истодаанд, зеро тамоми Тоҷикистон аз амалу ният ва найрангу дасисабозиҳои Шумоён он ҷо огоҳ шудаанд.

Ин гурӯҳи ифротгаро ба наздикӣ ба дидбонгоҳи «Ишқобод» амали террористӣ анҷом доданд, ки чандин кас ҷони хешро аз ин бохтанду ҳаёти осоиштаи мардум то андозае коҳиш ёфт. Ин ашхос дини мубини исломро ниқоб карда, амалҳои зишт менамоянду боз аз дину диёнат «маъвиза» – хонӣ менамоянд. Ҳол он ки дини ислом дини куштору ғорат набуда, балки дини насиҳату мардумсолорист. Ба ин маънӣ ҳазрати Муҳаммад (с.в.с) ҳадисе дорад: «Аз уммати манн нест, касе ки аз дасту забонаш шахси дигар озору азият бинад». Дар охир гуфтаниям, ки мо шаҳрвадон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки фарзандони мо ба ин афсонаҳои хоинони миллат бовар бикунанд. Шукрона аз ин давру замон намуда, дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бишавем ва баҳри ободу зебосозии Ватани маҳбуб ҷидду ҷаҳд намоем.

Абдумалик Расулов ,

директори  МТМУ № 10-и шаҳраки Зарнисор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1327
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3308
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7912
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23111
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:76385
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85231
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2613676

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?