Матни равон

«Сулҳ маҳфуми муқаддас ва беназир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои сокинони сайёра аҳамияти хоса касб кардааст». Бузургтарин падидаи ваҳдати миллӣ ҳамин сулҳ аст. Он ҳам неъмат асту ҳам саодати зиндагисту ҳам бахти безаволи модарони тифлакони мо аст.

Пешрафти ҳамаи соҳаҳо аз тинҷиву амонӣ, якдигарфаҳмӣ дӯстиву бародарӣ сахт вобастагӣ дорад. Бинобар ин тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати мо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ пойдор аст. Ҳамаи ин тинҷиву оромӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо талош ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Боиси хурсандист, ки Президенти кишварамон дар ҳама баромадҳои худ ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафт, такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллату давлат ном гирифта пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худ баҳри гул- гул шукуфоии Тоҷикистон нақши созанда доранд.

Ояндаи Тоҷикистони азизамон дар дасти ҷавонон мебошад, маҳз барои ҳамин бояд ҷавонони мо солимфикру дурандеш бошанду ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба манфиати ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил нашаванд ва ҷони азизи худ ва наздиконашонро дар зери хатар намонанд. Чунки тайи солҳои охир қувваҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ баҳри бароварда сохтани ғояву хостаҳои муғризонаи хеш аз роҳу усулҳои мухталифи тарғиботию идеологӣ васеъ истифода мебаранд.

Яке аз ин шеваҳои хавфнок суханронию баромадҳои намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ мебошад. Неруҳои солимфикри ҷомеа, зиёиён хусусан омӯзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи поктинатӣ, ватандӯстӣ инсондӯстӣ ва ифтихор намудан аз миллату давлат аст.

Феълан, дар Тоҷикистон 18 ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Охирин ташкилоте, ки ба ин феҳрист шомил гардидааст, ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24” ва зодаи ин ташкилотҳо “Паймони миллӣ” мебошад. Омилҳои зерин дар шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ калидӣ мебозад; гирифтани донишҳои ибтидоии динӣ дар назди рӯҳониёни чаласавод ва нимчала муллоҳо. Ин гуна таълимот ғайрирасмӣ буда аз тарафи Ҳукумат манъ карда шудааст. Ҳамзамон, надоштани саводи кофии динии насли наврас дар ин масир боиси нигаронист. Истифода аз сайту шабакаҳои ифротӣ, қарор доштани теъдоди зиёди аҳолӣ, хусусан ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, тарбия гирифтан дар оилаҳои ифротӣ ва манотиқе, ки нуфузи дигарон зиёд аст, тарғиби идеологияи ифротгарӣ бо ваъдаҳои зиндагии биҳиштӣ ва пулу моли фаровон боиси гумроҳии ҷавонони зудбовару камхонда мегардад.

Барои ҳамин ҳам вазифаи аввалин дараҷаи мо омӯзгорон, ки тарбиядиҳанда ҳастем, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебопарастӣ инсон дӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Ҳамаи омӯзгорон дар дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ, мизҳои мудаввар доир ба шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба монанди терроризму экстремизм суҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту меҳрубонро тарбия намоянд. Вазифаи асосии омӯзгорон ва волидайн дар он мебошад, ки насли наврасро ба касбомӯзиву донишазхудкунӣ ҷалб намудан аст.

Бояд ҳар як фарди солимфикри миллат, ки Ватани худро дӯст медорад, барои пешравӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон сахмгузор бошанд. Мо, ҷавонони бонангуномуси Тоҷикистон ҳамеша ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатамон гӯш намуда, бар зидди экстремизму терроризм мубориза барем. Ва Ватани маҳбубамонро дӯст дорем барои ҳимоя он ҳамеша тайёр мебошем!

Муқаддас Ҳомидҷонова,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики гимназияи №1-и шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1058
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2770
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15032
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19985
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46539
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:96217
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2498599

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?