Матни равон

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм, яъне тундравӣ ба терроризм меорад. Террористон мехоҳанд, ки мақсади худро бо роҳи зӯроварӣ, тарсу ваҳм ва куштор амалӣ созанд. Онҳо бар зидди сиёсати давлат кор мебаранд, одамонро аз Ватан дур месозанд, ҷомеаро хароб мекунанд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми ҷаҳон ба яке аз падидаҳои хатарнок табдил ёфтааст. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас дар тамоми ҷаҳон мебошад.  Ҷавонони имрӯза аз сабаби набудани ҷойи кори муносиб ё худ пайдо намудани шароити хуби зиндагӣ, паст будани сатҳу саводнокӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, бехабарӣ, беназорат мондан ба ин гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда истодаанд. Вақте ки ҷавонон бекор мемонанд ё ин ки дар муҳоҷират қарор доранд, дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра даст ба ҷиноят мезананд ва бо гурӯҳҳои номатлуб рӯ меоранд. Онҳо мехоҳанд, ки бо ин роҳ мушкилоти худро ҳал намоянд. Мутаассифона, мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Ин амалу зуҳуроти хатарафзо метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Алъон дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ҶҶI табдил ёфтааст.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мақомоти дахлдор барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Барои ҳамин терроризм ва экстремизм дар кадом шакл набошад, онро мо қабул намекунем. Мо, омӯзгорон бояд насли наврас ва ҷавононро дар ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ  тарбия намоем. Инчунин, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, зуҳуроти номатлуб бахусус ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем.

Мубориза бар зидди экстремизму терроризм вазифаи ҳар як инсон мебошад. Барои ҳамин мо мардумони Тоҷикистон бояд Ватани худро, халқи худро аз ингуна зуҳуроти хатарнок ҳимоя кунем ва барои ободии Ватан аз таҳти дил хизмат намоем.

Муҳаббат Масадиқова,
омӯзгори МТМУ №7 шаҳраки Адрасмон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:955
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2770
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14929
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19985
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46436
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:96217
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2498496

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?