Матни равон

Дар замони муосир хатари ҷиддӣ  барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  амнияти миллии ин ё он давлат, тақсимнопазирии ҳудуд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон зоҳиршавии экстремизм дар ин ё он шакл мебошад. Махсусан, экстремизм он вақт хавфнок аст, ки бо таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авҷ гирифтани низоъҳои байни этникӣ ва  байни мазҳабҳо оварда мерасонад.

Мақсади асосии экстремизми динӣ - ин эътирофи дини худ ҳамчун дини беҳтарин  ва саркӯб кардани  мазҳабҳои дигари динӣ, маҷбурсозии онҳо ба системаи эътиқоди динии худ мебошад. Аз ҳама экстремистони ашаддӣ барпо кардани давлати алоҳидаро мақсади худ мегузоранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии он бо меъёрҳои динӣ барои ҳамаи аҳолӣ иваз мешавад. Экстремизми динӣ бисёр вақт бо фундаментализми динӣ алоқаманд аст, ки моҳияти он дар кӯшиши аз нав бавуҷудоварии асосҳои тамаддуни «худ», тоза намудани он аз навовариҳои бегона ва баргардонидани «симои ҳақиқӣ» иборат аст.

Солҳои охир ба таври васеъ чунин падидаҳои  экстремистӣ паҳн гашта истодаанд. Экстремизми дар соҳаи сиёсат зоҳир мешударо экстремизми сиёсӣ ва экстремизме, ки дар соҳаи дин зоҳир мешавад, экстремизми динӣ меноманд.

Экстремизми динӣ-сиёсӣ ин фаъолияти тундгароёна ва ё пинҳонӣ, ки бо роҳи зӯрӣ  ба дигар кардани сохти давлат ё ба зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, беэътинои зоҳир  кардан ба истиқлолият ва давлат, бо мақсади барангехтани душманӣ ва адоват равона карда шудааст. экстремизми динӣ-сиёсӣ бо аломатҳои хоси худ аз дигар намудҳои экстремизм фарқ мекунад.

Экстремизми динӣ-сиёсӣ имконияти бурдани гуфтушунидҳо, гузашт карданҳо, алалхусус роҳҳои консенсусии (созиш) ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ-сиёсиро рад мекунад. Ҷонибдорони экстремизми динӣ-сиёсӣ бо бетаҳаммулии оштинопазир нисбат ба ҳама, ки ақидаҳои сиёсии онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, ҳатто ҳаммазҳаби худро, фарқ мекунанд. Барои онҳо ҳеҷ як «қоидаи бозии сиёсӣ», сарҳади иҷозат додашуда ва иҷозат надодашуда вуҷуд надорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷараёнҳои гуногуни динӣ аз қабили ҷараёни исломии тундрави «Ҳизб-ут-таҳрир – ал-исломӣ», «Салафия», «Таблиғот» ба тариқи пинҳонӣ амал мекунанд, ки пайравони ин ҷараён ҳомиёни исломиёни фундаменталистӣ мебошанд.  Бе шубҳа  ба вуҷуд омадани чунин ҷараёнҳои тундрави динӣ, аз рӯйи моҳияташон пурра характери экстремистӣ ва терористӣ доранд, ки ин барои ҷомеа хавфнок мебошад.  Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи  чунин падидаҳои номатлуб дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ин дараҷаи пасти сатҳи фарҳанги динии аҳолӣ, бекории аҳолӣ, ноустувории идеологияи давлатӣ, манфиатҳои геополитикии давлатҳои абардқудрат,  буҳрони маънавӣ ва иделогӣ, ки ба фазои холигӣ оварда мерасонад, ки ин ба пайдоиши гурӯҳҳои тундрави динӣ - сиёсӣ ва экстремистӣ –терористӣ оварда мерасонад.

Ҳарчанд, ки дар минтақаи Осиёи марказӣ фаъолиятҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Узбекистон», ҷарраёни «Ансоруллоҳ» ва ғайраҳо барвақттар ворид гардида буданд. Аммо аз соли 2006 инҷониб бо Қарори Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ташкилотҳои гуногуни ифротӣ, аз қабили «Ал-Қоида», “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», (Ҳаракати исломии Узбекистон), “Толибон”, «Бародарони муслимин», “Ташкилоти лашкари Тайиба”, «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғот», ташкилоти миссионерии динии «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», ва “Ҳаракати Салафия”  ҳамчун ташкилотҳои террористӣ шинохта шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ин воқеияти рӯз, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарак чораандешӣ намоем.

Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи давлат набуда дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла, оила, мактаб, макотибҳои олӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  низ уҳдадоранд, ки бар зиддӣ ин амалҳои номатлуб  мубориза баранд. Барои  мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шаҳрвандон бояд, ки фаъолияти дастаҷамъона, марифати ҳуқуқию зиракии сиёсӣ,  ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ  дошта бошанд.

Норинисо НУРМАТОВА,
омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ МТМУ №8-и
шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2924
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17422
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:73500
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7715420

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?