Матни равон

Дар толори хурди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони беш аз 20 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ 32 рӯзноманигор иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2019-ум иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром доштанд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ дар давоми соли 2019 ба маблағи 3,3 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. корхонаҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100% то ба 216% зиёд таъмин намуданд. Дар ин давра дар шаҳр 5 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуда, барои 125 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 25,3 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои саноатӣ бо 21 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуда, маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 197,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Маблағи маҳсулоти воридотӣ 37,2 миллион доллари амрикоӣ буда, фарқияти содирот аз воридот 5,3 маротиба зиёд шудааст.

Давоми соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 184,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он 104,3 фоизи нақшаи пешбинишуда аст. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 51,6 миллион сомонӣ, ё 106,8 фоиз ба иҷро расонида шуд.

Дар давоми соли 2019 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 716,3 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 695,7 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими  хориҷӣ ва 20,6 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2056 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 302 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи 408 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуд. Баҳри истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 126 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки 70 фоизи нақша мебошад.

Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зиёда ба  513 оилаҳои ниёзманд  ба маблағи 550,3 ҳазор сомонӣ маводи хӯрокворӣ ҳамчун кумак расонида шуд.

Дар ҳудуди шаҳр 10 муассисаҳои таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 9 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1898 нафар (30%) кӯдакон фаъолият доранд.

Соли ҳисоботӣ 4257 меҳмонони хориҷӣ ва 26839 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ давоми соли ҷорӣ 31114 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 31,3 миллион сомонӣ ташкил дод, ки аз он 4,5 миллион сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Дар соли 2019 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 154 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57 адад кам мебошад. Ошкоркунии ҷиноятҳо 97,2 фоизро дар бар мегирад.

Дар давоми соли 2019 дар ҳудуди шаҳр 572 маърака, аз ҷумла 277 тӯйи домодию арӯсӣ, 248 оши тӯй, 26 маросими чил, 21 маъракаи сол ба вуқӯъ пайваст. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ хатнасури 18 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба саволҳои намояндагони ВАО посух дод. Рӯзноманигорон доир ба вазъи корхонаҳои саноатӣ, раванди иҷрои ҳадафи стратегии миллӣ -  саноатикунонии босуръат, рушди шаҳракҳои тобеъ, музди маоши миёнаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, татбиқи қонуни авф, сомонаи корхонаву идораҳо, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, ҳолати китобдорӣ ва китобхонӣ дар ҳудуди шаҳр, соҳаи моҳипарварӣ, корҳои хуррамгардониву сабзкориҳо ва монанди ин саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар нишасти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов иштирок намуд.

Пас аз нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии рӯзноманигорон дар гулгашти “Боғи зардолу”-и маркази шаҳр қариб 100 бех дарахтони ҳамешасабз шинонда, доир нақшаҳои ободонӣ ва хуррамгардонии даромадгоҳи ғарбии шаҳр суҳбат намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:999
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17346
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50945
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692865

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?