Матни равон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020, инчунин баҳри амалисозии Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагӣ, дониш ва дараҷаи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои  мудофиаи граждании Неругоҳи барқии обии “Қайроққум” ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода” (заминларза) баргузор гардид.

Машқ дар се давра гузаронида шуда, амалиётҳои «Хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ», «Иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир» ва «Таҳлил ва ҷамъбасти машқ» гузаронида шуданд.

Дар ибтидо пас аз эълони бонг дар толори корхона ҷаласаи ситоди роҳбарикунандаи машқҳо гузаронида шуда, дар он роҳбари машқҳо иштирокчиёнро бо вазъиятии шартии машқ шинос намуд ва доир ба иҷрои вазифаҳо супоришҳои мушаххас дод. Баъд аз гузаштани заминларзаи шартӣ бо бонги хатар ҳамаи кормандони корхона аз тарафи комиссияи эвакуатсионӣ ва неруҳои ғайриҳарбӣ ба маҳали бехатарӣ саҳни кушоди бинои корхона баромаданд. Дар ҷои бехатар кормандон ҷамъ карда шуда, аз қайд гузаронида шуданд. Неруҳои ғайриҳарбии корхона бо воситаҳо ва лавозимоти наҷотдиҳӣ барои иҷрои корҳо омода карда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар вақти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, аҳолии зарардида бо воситаҳои аввалиндараҷаи зарурӣ таъмин карда шуд. Звенои наҷотдиҳӣ зарардидагонро берун аз биноҳо бароварда, аз тарафи нуқтаи санитарӣ ёрии аввалия расонида шуда, зарардидагон ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шуданд. Сӯхтори ба амал омада аз тарафи бахши оташнишонӣ бартараф карда шуд.

Дар ҷамъбасти машқ камбудиҳои дар рафти машқ ошкоршуда аз тарафи роҳбари машқ қайд кардашуда, барои бартараф намудани онҳо муҳлатҳо гузошта шуд. Дар интиҳо сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Ҳикматулло Амонов доир ба натиҷаҳои машқ суханронӣ намуд. Иштирокчиёни фаъоли машқ бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:249
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12662
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91049
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630894

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?