Матни равон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавас Шарифзода машварати назди Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар машварат муовини якум, муовин, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони дигари соҳаҳои хоҷагии халқ иштирок намуданд.

Машваратро Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ бахшида, бо таъиноти кадрӣ ҳозиринро шинос намуд. Тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон Ғайратхоҷа Қобилов ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.

Доир ба масъалаи таҳлили вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми моҳи январи соли 2020 муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Қайд гардид, ки дар давоми моҳи январ аз 32 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,2 то ба 348,0 фоиз зиёд расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Нақшаи пешбинишудаи буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли 2020-ум  таъмин шуда, иҷрои он 102,7 фоизро ташкил дод. Яъне  ба буҷет 419 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 4 миллион сомонӣ буда, 4,5 миллион сомонӣ ё 112,4 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 500 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни пурсиш аз масъулин доир ба натиҷаҳои моҳи нахустини соли равон доир ба сифатнок иҷро намудани нақшаҳои буҷет, андоз, таҳлили истифодаи самараноки неруи барқ, раванди иҷрои уҳдадориҳо, кор дар самти муқовимат бо коррупсия, омодагӣ ба даъвати баҳорона, раванди омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ, кор бо занон, кор бо воситаҳои ахбори омма, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Қайд гардид, ки захираву имкониятҳои мавҷуда бояд дар ҳамаи самтҳои фаъолият пурсамар ва пурра истифода бурда шуда, натиҷаҳои ниҳоӣ боз ҳам беҳтар карда шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3942
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8320
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64398
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7706318

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?