Матни равон

Ҳизби наҳзати ислом имрӯз ҳамчун гурӯҳи муташаккили ифротгаро ва террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Фаъолияти он ҳамчун ҳизби расмӣ то соли 2015 давом карда, баъд аз фош шудани амалҳои яғмогарона ва зиддидавлатӣ фаъолияти он манъ гардид. Онҳо дар давоми ин марҳалаи таърихӣ аз номи дини мубини ислом бар зидди ҳукумат иғво барангехта мехостанд, бо ин усул соҳиби ҳукумат шаванд, аммо чунин имконият ба онҳо даст надод. Алҳол намояндагони ин ташкилот бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муқобили ҳукумати кунунӣ барангезанд.

Боиси қайд аст, ки хушбахтона мардуми озодандеши мо аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳо, ки барои расидан ба ҳадафи хеш аз номи дини мубини ислом истифода мешуд, хуб огаҳӣ доранд. Аксари онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният дастгир шуда, барояшон чораҳо андешида шудаанд. Онҳо дар давоми фаъолияташ бо ҳизбу ҳаракатҳои террористии шарқи наздик ба монанди "Ихвон-ул-муслимин"-и  Миср, Ансоруллоҳ  ва ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои таъмин намудани онҳо бо ҷанговарону муҷоҳидон аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзадаи кишварамон ва бо ин роҳ манфиати моддиро касб намуда буданд. Бо вуҷуди он, як қисми онҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва аз ҷумҳурӣ фирор намуда, то кунун муборизаи хешро бар муқобили сиёсати пешгирифтаи давлат ва амну осоиши кишвари соҳибистиқлол идома дода истодаанд.

Ҳамаи кӯшишу муборизаҳои онҳо бенатиҷа буда, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ба сулҳу суботи кишварамон халал ворид карда наметавонанд. Мардуми тоҷик симои аслии онҳоро шинохтаву мақсаду мароми онҳоро дарк намудааст.

Муродҷон Абдуллоев,

мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1388
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4420
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1389
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88315
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97853
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3376059

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?