Матни равон

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 4 декабри соли 2019 №1380 тасдиқ гардидааст рӯзи 1 марти соли 2020 дар кишварамон   рӯзи интихобот таъин гардидааст.

Бо ин мақсад имрўзҳо дар тамоми гўшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад. Мардуми босаодати мамлакат ба ҳайати мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ беҳтарин фарзандони арзандаи худро пешбарӣ намуда, умед доранд, ки онҳо дар атрофи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои амалӣ намудани азму талоши ў, ҷиҳати ба ҳар як сокини мамлакат фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста кўшишу ғайрат ва маҳорату қобилияти худро равона мекунанд.

Маъракаи интихобот ягона маъракаест, ки дар он ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ин ё он маҳал ва дар маҷмўъ, тамоми мамлакат ҳамчун меҳвари асосии гуфтугўи ошкоро қарор мегирад. Дар ин мубоҳисаҳо намояндагони ҳамаи табақаю гурўҳҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд ва он яке аз роҳҳои изҳори ошкорои афкори ҷамъиятӣ мебошад.

Интихобот барои кишварҳое, ки демократия ва озодандеширо ҳамчун роҳи тараққиёти давлат ва пешбурди ҷомеа пазируфтаанд, як оинаест, ки вазъияти мавҷударо таври воқеӣ инъикос менамояд. Ҳамзамон бо ин, интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.

Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихобот таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чи дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Аммо интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳимми сиёсат маҳз дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст. Бояд зикр намуд, ки зарурати асосии ба вуҷуд омадани интихоботро дар ҷомеа маҳз созиш ва ризояти гурӯҳҳо ҳангоми ташкил намудани ҳокимият, пешгирии низоъҳо, тақсим ва ҳимояи манфиатҳо ташкил медод. Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоботро ҳамчун неруи муттаҳаррики пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд.

Баҳри шаффофу озод ва дар сатҳи арзанда гузаронидани интихобот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми солонаашон, ки 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, зикр намуданд, ки: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад… Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд. Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд”.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар маъракаи сиёсии дар пеш истода, ки ояндаи кишвари моро ҳаллу фасл менамояд бетараф набошад ва баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон овоз диҳад.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои
назди шуъбаи маорифи ша
ҳр

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2958
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11952
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45551
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7687471

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?