Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту ҳафт сол пур мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Артиши Миллӣ ҳамчун нерӯи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

 

Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми бисту ҳафт соли гузашта дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд. Аз оғози таъсисёбӣ  то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.

Хушбахтона, имрӯзҳо даҳҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ ҷавонписарони баору номусу нанг аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони меҳнат ва Қувваҳои мусаллаҳ, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд. Ҳамчунин кумитаи волидайн бо аскарбачаҳои гулистонӣ ҳамеша робита дошта, корҳои ҳарбию ватандӯстиро пеш мебарад.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар марзи шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он қисмҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, қисмҳои Вазорати мудофиа ва ҳолатҳои фавқулода дар таъмини сулҳу субот, амният ва осоиши ҷомеа сарбаландона қарзи Ватан-модарро ба ҷо меоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, вазъи иҷтимоии онҳо огаҳӣ дошта, дар кумаку ёрии моддиву маводӣ додан ба онҳо ҳамеша дастгир мебошад. Ин равандро дар оянда низ мо тақвият дода, баҳри ҳарчи бештар фароҳам овардани имконият ва шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Мардуми меҳнатқарини шаҳри Гулистон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, аскарон ва афсарони қисмҳои ҳарбиро бо Рӯзи  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям. Ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, хизмати фидокорона, садоқати ватандӯстона, сулҳу амнияту осоиш ва комёбиву пирӯзиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:541
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3305
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7485
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26668
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:102164
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:87026
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2726481

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?