Матни равон

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 34 вакил иштирок дорад ва 1 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд.  Дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода низ ширкат дорад.

Сипас, Лоҳур Назришозода раиси комиссияи шаҳрии интихобот доир ба натиҷаҳои интихобот ба Маҷлиси шаҳрӣ маърӯза намуд. Қайд гардид, ки интихобот дар ҳудуди шаҳр муташаккилона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум вакилони тозаинтихоб дар иҷлосия савганд ёд намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода вакилони интихобшударо ба муносибати эътирофи ваколатҳояшон ва ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон интихоб шуданашон муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва дар хизмати садоқатмандона ба халқу Ватан бурдбориҳо таманно намуд.

Вакилони иҷлосия баъди интихоб ва тасдиқи котибот ба баррасии рӯзномаи он шурӯъ карданд. Ҳамин тавр вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: «Оид ба тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум», «Оид ба тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум», «Ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум ва интихоби ҳайати онҳо», «Оид ба тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр», «Оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2019, № 1380   ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми декабри соли 2019, № 14 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2020 баргузор мегардад. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ аз 11-уми марти соли равон ибтидо гирифтааст.   Дар асоси моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар суръати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд. Қарори иҷлосия  дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №16 Муслима Ҷамолиён номзадии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғдро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ намуд. Вакилон пешниҳоди мазкурро якдилона дастгирӣ намуданд. Дар ин бора қарори дахлдор қабул  карда  шуд.

Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода баромад намуда, ба вакилони тозаинтихоб дар пешрафту ободкориҳои шаҳри сайёҳии Гулистон комёбиҳо орзу намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон баҳри фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру вазифагузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаҷиҳата кӯшишу талош менамоянд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон,  даъвати шашум анҷом пазируфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:46
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6949
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60502
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7702422

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?