Матни равон

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмиллалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз воҷаи лотинии «tӯққoқ» баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат ва ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд. Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.

А.А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев, ки дар асри 1 то мелод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзои ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳкор дониста, ба қатл мерасонанд. Онҳо ба сифати силоҳ ханҷар ё «сику» шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикаревчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.

Дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-и милодӣ Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимолии шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то Халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиётҳои худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, рӯҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расониданд. Мисоли гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд.

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои умумиҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон доранд. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифродгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизим ва терроризмро барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Мижгона Холиқова,

омӯзгори гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:122
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45901
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7687821

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?