Матни равон

Дар варзишгоҳи шаҳраки Консой бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва кулли сокинони шаҳраки Консой таҷлили Иди умумишаҳрии Наврӯз-2020 ба вуқӯъ пайваст.

Дар оғоз дар хаймаҳои наврӯзӣ корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳраки нақбканон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомулу анъанаҳои ин иди бостониро манзури ҳамагон карданд. Ҳамчунин озмунҳои суманакпазӣ, омодасозии таомҳо, бойчечакхонӣ, бозиҳои миллӣ ва амсоли инро ба меҳмонону сокинон бо завқи баланд пешниҳод намуданд.

 

Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва директори генералии ҷамъияти муштараки “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов меҳмонон ва сокинони шаҳрро бо Соли нави миллӣ муборакбод намуданд. Зикр гардид, ки тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баракати хоссаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намудааст. Партави ин сиёсати фардосоз ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст. Ҷавҳари таърихӣ ва фарњангии Наврӯзи байналмилалӣ саодати аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои наврӯзӣ диплому туҳфаҳо ва ба собиқадорону пешоҳангони корхонаи ҶМТКММ "Апрелевка" мукофотпулиҳои наврӯзӣ супорида шуданд.

Сипас санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро таҳти унвони “Нарӯзи ҷаҳонӣ муборак!” манзури ҳозирин намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2719
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19066
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52665
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7694585

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?