Матни равон

Имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон, маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 1500 дона шифер ва қариб 500 адад қубурҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол карда мешавад. Ба гуфти муассиси корхона, дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва қубурҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ масолеҳи сифаташ баланд истифода баранд.

Барои истеҳсоли шифер ва қубур ашёи хом — асбест аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон ин аввалин корхонаест, ки шифер ва қубурҳои асбестӣ истеҳсол менамояд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестӣ ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаашон бештар аз 50 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар ин корхона аслан муосиртарин технология насб карда шудааст, ки истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудаанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:406
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12819
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91206
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631051

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?