Матни равон

Дар доираи сафари корӣ дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳр аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи мусоир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, утоқҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон қабати сеюми биноро ташкил медиҳад.

Атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои  мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода супурдани бинои навро кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон туҳфаи арзанда хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳисса мегузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4474
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11896
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90283
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630128

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?