Матни равон

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Нахуст дар саҳни корхонаи парандапарварӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи Ширкати ҳасиббарории "Азизӣ" ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд.

Гуфта шуд, ки Ширкати ҳасиббарории "Азизӣ" ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо гӯшти паранда ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бунёд гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз" парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерии «Ross-308», ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи парандапарварӣ дар масоҳати 1,20 га бунёд гардида, ҳоло ду бино барои парвариши мурғ бо 30 ҳазор сар паранда фаъолият менамояд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти ин корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, ҷиҳати рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешаванд.

Дар заминаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ аз ҷумла, таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар ҳосил гардида, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад.

Бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дӯсти Азиз" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маошӣ хуб таъмин шуданд.

Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон аз қабили, ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.

Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.

Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии масҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро ба роҳ монанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:476
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3305
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7420
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26668
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:102099
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:87026
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2726416

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?