Матни равон

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.

Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик- «Устурлоб» сохта шудааст.

Дар дохили Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳамчунин Планетария бунёд шудааст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Планетария аз ҷониби як нафар соҳибкори шаҳри Хуҷанд сохта шуда, он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосир, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқҳои корӣ ва таҳхона иборат мебошад.

Зимни муаррифии ихтироот ва корҳои таҳқиқотии олимону муҳаққиқон дар самти илмҳои дақиқ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ин ҷо маҳфилҳои ситорашиносӣ, техникони ҷавон, ганҷшинос, дизайн ва меъморӣ амал намуда, як китобхона низ таъсис ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин маҳфилҳоро дар тақвият ёфтани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар замони пешрафти илму техника ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар идомаи боздид аз Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, иттилоъ дода шуд, ки ин иншоотӣ фарҳангӣ-фароғатӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати қариб 7 гектар доман паҳн карда, ҳангоми навсозии он 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд ҳамзамон дарвозаи асосии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст.

Дар ин ҷо 5 фаввораи зебою диққатҷалбкунанда, амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, як шаршара, 20 суҳбаткада, 80 нишасткурсӣ, 100 таҷҳизоти равшанидиҳанда ва чандин пергола бунёд ва васлу насб гардида, имрӯзҳо боғ ба яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.

Кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ, чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, шинонидани зиёда аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасаб ва беш аз 700 ҳазор бех гулҳои рангоранг аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин боғ ҳамчунин “Олами афсона” — мавзеи бозии кӯдакон, гӯшаи ҳайвоноти нодир ва чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ сохта шудааст.

Қатори сайёраҳо, ки дар маркази боғ ҷойгир карда шудааст, басо ҷолибу диданӣ буда, хусусан шабонгоҳ манзараи зебои ин макони бузурги фарҳангию фароғатӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020 Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд   26.03.2020

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2421
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14601
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48200
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690120

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?