Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2020 бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва дигар фаъолон доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли равон муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми cемоҳаи аввал ба қисми даромади буҷети давлатӣ 39,3 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 110,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 3,6 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷет 130,2 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,8 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

 

Ба иқтисодиёти шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 82,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 45,5 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 12,0 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми семоҳа ба маблағи 788,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 117,5 фоизро ташкил дода, ба маблағи 117,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 272,1% барзиёд таъмин намуданд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 23,8 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръат дар давраи ҳисоботӣ се корхонаи нави саноатӣ аз тарафи ширкати ватании ҶДММ “Сахо и К” ба маблағи 6,0 миллион сомонӣ корхонаи коркарди қоғаз бо иқтидори 20 тонна дар як шабонарӯз ва 100 ҷойи корӣ, аз тарафи ҶДММ “Мурғи аълосифат” ба маблағи 10,0 миллион сомонӣ бо иқтидори 1000 тонна мурғ дар як сол бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаи ҶДММ “Хизир Назар” истеҳсоли тахтаҳои азбестӣ-шифер бо иқтидори 750 дона дар як шабонарӯз бо 15 ҷойи кории нав сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ 165 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд. Дар семоҳа музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2244 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 450 сомонӣ зиёд мебошад.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12033 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2024 ҷой зиёд аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кори доимӣ 10689 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2195 нафар зиёд гардидааст.

Дар давоми се моҳ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 36,3 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 35,4 миллион сомонӣ иҷро гардид. Ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд мебошад. Иҷрои корҳои пудратӣ ба маблағи 9,2 миллион сомонӣ, ё 2,3 маротиба зиёд гардидааст.

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр дар давоми ду сол сохтмони 129 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад. Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, гулгаштҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили корхонаҳои нав, таҷдиди бинои маъмурӣ, чароғонкунӣ, биноҳои истиқоматӣ ва монанди ин. Дар маърӯза инчунин дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва интиқод қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ аз масъулини нозироти андоз, молия, саноат, барқ, комиссариати ҳарбӣ, сектори идеологӣ, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, шаҳрсозӣ, хоҷагии коммуналӣ пурсиш ба амал оварда, доир ба густариши фаъолият ва тавсеаи корҳо дар самтҳои мазкур дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои мушаххас намуд.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифуллоҳ Абдуллозода иштирок ва суханронӣ кард.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:367
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13233
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4733
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737123

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?