Матни равон

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маҷлиси фаврию ѓайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул доир гардид.

Маҷлиси кориро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки дар маҷлиси фаврию ѓайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср - коронавирус” ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо доданд.

Доир ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати бисёр печидавуногувор ва душвору хатарзо қарор дорад. Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, ҷангу низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра торафт бештар доман густурда, ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд. Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст. Маҳз ин нуктаи муҳимро Пешвои муаззами миллат мушаххас таъкид намуда, зикр доштанд, ки «Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо, мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндараҷа медиҳем».

Дар ин замина, роҳбари гурӯҳи корӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маҷлиси ҳукуматӣ ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ба масъулини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр вазифагузории мушаххас намуд.

Дар интиҳо Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода зикр кард, ки доир ба пешгирии сироятшавии коронавирус дар ҳудуди шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро андешида, дар ин самт чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст. Тамоми чораву тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно ва таъмини тандурустӣ ва амнияти шаҳрвандон андешида шудааст.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус COVID - 19 дар маркази шаҳр ва шаш ҷамоати тобеи он корҳои зиддиэпидемикӣ ва омодагӣ доир карда шуданд. Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ баҳри пешгирии коронавирус дар ҳолати омодабош қарор дода шудаанд. Муассисаҳои тандурустӣ бо дорувориҳои зиддивирусӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, пойпӯшҳо, сарпӯшҳо, дастпӯшакҳои яккарата, маводҳои безараргардонӣ зина ба зина то ин вақт таъмин шуда истодаанд. Гурӯҳҳои мобилии сироятию эпидемиологӣ, гурӯҳҳои махсусгардонидашудаи ёрии тиббии гуногунсоҳа, таҷҳизоти нафаси сунъӣ барои табобати интенсивӣ ва нақлиёти санитарӣ барои интиқоли беморон дар ҳолати омодабош қарор дорад. Дар беморхонаи марказии шаҳр барои 50 нафар ҷой барои карантин бо тамоми шароиташ омода гардидааст. Аз ҷониби масъулин оид ба пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо, корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо гузаронида шуда, гаштугузори хона ба хона ба роҳ монда шудааст. Ба ҳар як хоҷагии ҳудуди шаҳр маводҳои иттилоотӣ дастрас гардидааст. Дар ҷаласа қарор дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҷамоати шаҳракҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:436
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13302
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4802
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737192

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?