Матни равон

Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки калонтарини Гулистон - Адрасмон Раиси шаҳри Фирдавс Шарифзода ба ин шаҳрак сафари корӣ намуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонии толори варзишии навбунёд дар муассисаи таълимии № 12-и деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон, ки аз тарафи соҳибкорон Илҳом Мирзоев, Мансур Холмуродов ва сокинони саховатманди деҳа дар маҷмӯъ бо маблағи 171 ҳазор сомонӣ  буёнд мегардад, шинос гардида, доир ба вусъати корҳо, ободонии муассиса дастуру супоришҳо дод.

Сипас Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар маросими оғози мумфаршкунии кӯчаи Ҷӯрабой Муъминов ба масоҳати 700 метр иштирок намуд. Мумфаршкунии ин кӯчаи марказии шаҳрак бо маблағгузории сокинон, аз ҷумла ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ аз ҷониби саховатманд Бибираъно Усмонова аз ҳисоби маблағи сафари ҳаҷаш ва соҳибкориаш, инчунин аз ҳисоби дигар аҳолии саховатманди шаҳрак ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ сурат гирифтааст. Зимни суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак ба соҳибкорони маҳаллӣ миннатдорӣ баён кард. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои фардосози Пешвои муаззами миллат сокинони меҳнатқарини шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз иловатан беш аз 70 иншооти ҷашнӣ бунёд, азнавсозӣ хоҳанд кард. Қайд гардид, ки тибқи нақша то ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолият тамоми кӯчаҳои шаҳрак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ ва аҳолии он мумфарш карда мешаванд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҳамчунин мардумро аз густариши ҷаҳонии коронавирус ҳушдор дода, таъкид намуд, ки бояд  ҳар як сокини шаҳрак ба қоидаҳои беҳдоштиву зиддиэпидемикӣ ва пешгирии саривақтии он риоя намуда, дар тозаву озода ва ободсозии маҳалли зисти худ саҳмгузор бошад.

Собиқадори меҳнат Орифҷон Муллоҷонов миннатдории сокинони шаҳракро барои дастгириҳои рӯзафзуну ғамхориҳои беназир ва зиндагии орому осоишта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори миннатдорӣ намуд. Бо дуои хайри мӯйсафедони шаҳрак муассисаи ҶДММ “Роҳи мурод” ба мумфаршкунии кӯчаи номбурда оғоз намуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз кӯдакистони №21-и шаҳрак дидан намуд. Пас аз боздид, ба маъмурияти муассиса ҷиҳати ташкили гӯшаҳои санитарӣ, тавсеаи корҳои ободонӣ дар кӯдакистон дастурҳои мушаххас  дод. Зикр гардид, ки соли равон барои таъмири бино ва ошхонаи муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳр 845 ҳазор маблағ равона карда мешавад.

Дар беморхонаи шаҳрак Раиси шаҳр бо табибон ва кормандони он мулоқот намуда, доир ба бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии коронавирус, вазъи омодабошии муассиса ва тақвияти корҳои ободонӣ маслиҳату супоришҳои мушаххас дод. Зикр бояд кард, ки барои таъмири бинои маъмурият, ошхона ва иншооти ёрирасони муассиса маблағҳои зарурӣ равона гардида, соли 2020 барои насби низоми гармидиҳии мутамарказ ва таъмири ҷорӣ ба бемористони шаҳрак 650 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Дар интиҳои сафари корӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдас Шарифзода омӯзгори собиқадори 82 сола Турдӣ Умурзоқова, собиқадори милитсия Субҳонназар Соҳибназарови 81 сола ва маъюби гурӯҳи 1 Ғулом Мирзоевро аёдат намуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1246
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13426
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47025
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688945

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?