Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад». Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзӯи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ин ки онҳо таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ намоянд ва дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

 

Дар ин замина, оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Дар таърихи башар инсоният баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, бунёди одоби оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки пайваста ташаккул ёфта, пеш меравад. Яке аз бунёдгузорони одоби баланди барпо намудани оила ва одоби оиладорӣ ниёгони некноми мо маҳсуб меёбанд.

Оила дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нахустин зинаи иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин муҳит фард аз нишонаҳои аввалини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа хабардор гашта, ба низоми муносибатҳо ворид мегардад. Яъне, нақши худро ҳамчун фарзанд дар оила мешиносад. Маҳз ҳамин муҳит ба ӯ меомӯзонад, ки ӯ дорои имкониятҳои муайянест, ки баҳри беҳбуд гардонидани вазъи худ аз онҳо истифода барад. Дар баробари ин маҳдудиятҳое низ мавҷуданд, ки ӯ бояд онҳоро риоя созад.

Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила ибтидо мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, оилаи солиму тифоқ, рӯзгори босаодат ва зиндагии пурнишот таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1118
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2930
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1118
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27099
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:113881
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:118520
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2962490

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?