Матни равон

28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд.

Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ба даст овардаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 — 2020”-ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои татбиқи пурра ва самараноки барнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро ҷиҳати дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд.

Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон ҳамчунин бобати ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд.

Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, энергетика дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то моҳи апрели соли 2020 азхудшуда беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин низ қонеъкунанда нест.

Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус, ки боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, Президенти кишвар бо истифода аз ширкати роҳбарону намояндагони сокинони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон карданд.

Дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон — сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла Ҷайҳун анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ саҳми босазои хешро барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оид ба вазъи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Аблулҳафиз дар бораи ҷамъоварии ҳосил, иҷрои амру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимилӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:500
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3509
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:500
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18539
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15319
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8760046

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?