Матни равон

Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар дар марҳилаи душвори таърихӣ имтиҳонҳои ҷиддиро пушти сар гузошта, ҳоло таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад.

Бояд гуфт, ки дар давраҳои буҳронӣ сарчашмаҳои иттилоотрасонии ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳамин рӯзҳои мушкил мехоҳанд манфиати сиёсии худро тавассути маълумоти носаҳеҳу ҳангомасоз пайдо намояд.

Аз ҷумла, М.Кабирӣ мебошад, ки бо ҳиллаву найранг ва далелҳои носаҳеҳ дар шабакаҳои интернетӣ ҳаргуна маълумотҳои бардурӯғро нисбати давлату миллат паҳн намуда, бо ин амалҳои номатлуби худ шарм накарда, мехоҳад, ки ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро рӯйпӯш намуда, сипас бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои террористии худ ва хоҷагонаш дар Тоҷикистон нооромиҳоро ба амал оварад. Чи хеле, ки дирӯз боз дар сомонаи интернетӣ ва ютуб аккос зад. Агар суханронӣ ва баромадҳои М.Кабириро таҳлил намоем, мефаҳмем, ки ягон мантиқу асос надоранд ва бо туҳмату дурӯғ сохтаю бофта шудаанд. Ягона мақсади вай аз баромадҳояш ва умуман амалаш дасисаангезиву туҳматпаҳнкунӣ нисбат ба Ҳукумат ва интишор додани нобоварӣ дар байни мардум ба ояндаи неки давлат ва миллати тоҷик аст. Суханрониҳои пучаш вобаста ба хатари коронавирус бисёр воҳима мекунад ва ҳангомаҷӯёна мехоҳад, ки аҳолии кишварро ба изтироб орад. Тарзе вонамуд мекунад, ки гӯё дар ғами мардум бошад, аммо дар асл, ба ӯ нооромии кишвар даркор аст. Андеша намекунад, ки худи мардум ва Ҳукумати кишвар, имрӯз тамоми тадбирҳоро бар зидди бемории сироятии каронавирус меандешанд, ниёз ба ин гуна тавсияҳои ҷинояткорону терористон надоранд.

Моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба ҳангомаҳои беасосу бофтҳои шабакаи гуногуни иҷтимоӣ бовар накунем.

Мо бояд садди роҳи чунин ашхосонро ба монанди М.Кабирӣ ва дигаронро гирифта, боз як бори дигар бо муттаҳидӣ вафодории худро ба халқу миллати хеш ва арзишҳои миллии он нишон диҳем.

Нозим Маҷидов,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2596
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13770
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42329
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7774719

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?