Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Фирдавс Шарифзода ҷаласаи Ситоди шаҳри Гулистон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо иштироки аъзои ситоди шаҳрӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сироятии коронавирус баргузор мегардад. Зикр гардид, ки беш аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус тамоми дунёро фаро гирифта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Баъзе кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд.

 

Бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳахои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 5-уми июни соли 2020, №1544 ба тасвиб расидааст. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода матни Фармонро манзури аъзои ситод намуд. Зикр гардид, ки ин боз як нишонаи барҷастаи ғамхорӣ нисбати миллат ва давлати соҳибистиқлоламон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳолати кунунӣ шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рўз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат ҳама тадбирро андешида истодаанд.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба фаъолияти Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) маърӯза намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус дар маркази шаҳр ва шаш ҷамоати тобеи он корҳои зиддиэпидемикӣ доир гардида, муассисаҳои тандурустӣ баҳри пешгирии интиқоли коронавирус дар ҳолати омодабош қарор доранд. Муассисаҳои тандурустӣ бо дорувориҳои зиддивирусӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, пойпӯшҳо, сарпӯшҳо, дастпӯшҳои яккарата, маводҳои безараргардонӣ таъмин гардидаанд. Гурӯҳҳои мобилии сироятию эпидемиологӣ фаъолият дошта, барои харидории маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизот, ҳароратсанҷи фосилавӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, харидорӣ карда шуданд.

Инчунин, аз тарафи корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ низ маводҳои безараргардонӣ, либосҳои махсус ва ниқоб ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардиданд. Аз ҷониби кормандони муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ва гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии интиқоли ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, гаштугузори хона ба хона ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, таъкид кард, ки фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, иҷрои нақшаҳои андоз саривақтӣ бояд таъмин карда шаванд. Дар ин раванд ба раёсати молия, нозироти андоз, бахши саноат ва энергетика, шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд. Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти Ситоди шаҳрӣ зикр дошт, ки фаъолияти гурӯҳҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ густариш дода шуда, ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, ба масъулин бобати ба танзим даровардани омаду боши меҳмонон ба соҳили “Баҳри тоҷик” супоришҳо дода шуданд.

Зикр гардид, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15-уми июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд. Дар ин замина, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулин ва аъзои ситод доир ба пурзўр намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни сокинони шаҳру шаҳракҳо ва меҳмонон дастурҳо дод.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода инчунин аз масъулини соҳаи саноат ва иқтисодиёт доир ба фаъолияти бонизоми корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шароити кунунӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1760
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15092
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8407
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740797

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?