Матни равон

Пешрафту тараққиёти мамлакат ба солимии ҷомеа сахт вобаста аст ва беҳуда ҳам нест, ки рушди соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди назару таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Алъон коронавируси Ковид-19 тамоми оламро фаро гирифтааст. Дар ин хусус ақидаҳо оид ба пайдоиши ин беморӣ мухталифанд. Бархе аз одамон пайдоиши онро маҳсули дасти америкоиҳо гӯянд, дигарон ба худи хитоиҳо мансуб мекунанд, ки барои кам кардани аҳолии кишварашон вируси бемориро пайдо карда бошанд.

Дар авохири моҳи апрел вақте эълон шуд, ки дар кишвари мо ҳам мавҷудияти вирус ба қайд гирифта шудааст, якбора ҳамаро ваҳм зер кард. Кӯчаву растаҳо бидуни ин ки карантин эълон шавад, холӣ шуданд, бештари мардум узлатро интихоб карданд. Рӯҳияи мардум ба якборагӣ тағир ёфт. Воҳима ҳолати равониест, ки дар асари шидати баланди эҳсосоти тарс аз чизе, ҳодисае ё рӯйдоде ба вуҷуд меояд ва қобилияти дарки воқеият ва мантиқан фикр карданро аз инсон мегирад ва боиси ошуфтагии равонӣ мегардад. Воҳима хусусияти инфиродӣ ва иҷтимоӣ дорад ва зуҳури он дар ҳар сурат барои фард ва ҷомеа хатарнок мебошад.

Душманони миллати мо ин љиҳатро хеле маккорона ва ба фоидаи худ ҳал карданианд. Ин худобехебарон ба ҳамин амал даст зада истодаанд, ки худро ҳомии мардум нишон диҳанд, ҳол он ки ин амал – тарсафканӣ дар байни мардум сад дар сад барои аз байн бурдани ҷони онҳо мерасонад, ки дар ин ҳолат онҳо на мухолифини ҳукумат, балки душмани ҷони мардуми кишвар мешаванд. Дар асл бигиред, барои ин тоифа, ки роҳнамои онҳо Ҳизби наҳзати ислому роҳбарони он мебошанд ва имрӯзҳо фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро барои ба манзури ҳукуматталабии худ расидан бо маводи фитнабарангез пур мекунанд, ҷони мардум як пули пучак қадр надорад. Ҷиҳати воҳимаангези ин бемориро як зумра манфиатхоҳон ба фоидаи худ истифода бурда истодаанд.

Мо бояд нишондодҳои Сарвари давлатамонро сармашқи зиндагӣ ва кори худ намуда, кӯшиш намоем, ки ин бемории касофат зудтар кишвари азизи моро тарк намояд. Ташвиқоту тарғибот ба оромї даъват намудани мардум ҳам мубориза ба муқобили бемории коронавирус ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст ва некхоҳи Ватан мебошад.

Гулнора ҲАЙДАРОВА, муовини

директори муассисаи таҳсилоти

иловагии шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1115
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10031
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7742421

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?