Матни равон

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум баробари вакилон роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов ширкат дорад.

Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро бо тағйиру иловаҳо тасдиқ намуданд.

 

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» маърӯза намуд. Зикр гардид, ки бо  мақсади дар амал татбиқ намудани  Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 аз ҷониби муассисаҳои тандурустии шаҳр дар давоми 9 солу панҷ моҳи соли равон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр марбут ба 11 самти солимгардонии аҳолӣ равона гардида, ҳадаф ва мақсади он таҳкими солимӣ ва беҳбудии шароити зисти аҳолӣ, дигаргунсозиҳои системавӣ ва таҷдиди соҳаи тандурустӣ ва рушди заминаи захиравӣ ва моддии соҳаи тандурустӣ мебошад. Ноил гардидан ба ҳадафҳои номбаргардида аз фаъолияти  якҷояи ташкилоту идораҳои дахлдор бо соҳаи тандурустӣ  вобаста буд. Аз ин лиҳоз,  бо мақсади  амалигардонии Стратегияи мазкур ва барномаҳои давлатӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Шӯроҳои ҳамоҳангсозии Барномаҳои миллӣ таъсис дода шуда, дар ҷаласаҳои Шӯро рафти татбиқи Стратегия ва Барномаҳо тибқи нақша баррасӣ мегарданд. Дар натиҷаи татбиқи Барномаҳои давлатӣ сол аз сол сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар, дараҷаи тахассусии мутахассисони соҳа баландтар, ҷалби мутахассисони ҷавон бештар, таъминоти  муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ беҳтар гардида, таъмиру  барқарорсозӣ ва азнавсозиву бунёди иншооти нави тиббӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Зикр гардид, ки тибқи талаботи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар соҳаи тандурустии шаҳр дар ҳамаи самтҳо корҳо ба роҳ монда шудааст. Дар музокираи маърӯза Гулсанам Пўлодиён, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ганҷбахш», № 14 баромад намуд.

Сипас раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалањои илм, маориф, тандурустї, сиёсати љавонон, робита бо љомеа ва фарњанг Љамолиён Муслимахон Ѓайбуллозода вакил аз њавзаи интихоботии Камоли Хуљандї, № 16 доир ба фаъолияти комиссия суханронӣ кард. Вакилон инчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз њавзаи интихоботии “Восифї”, №31 Равшан Ахмедовро доир ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ шуниданд. Иҷлосияи вакилон инчунин доир ба тасдиқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Гулистонро вобаста ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун, дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба буҷети соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фарҳанг, дар бораи номгузории маҳаллаи 1-уми ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба номи Маҳмудҷон Холиқов қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Сипас Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов суханронӣ кард.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки баҳри фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру вазифагузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаҷиҳата кӯшишу талош менамоянд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кори иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон,  даъвати шашум анҷом пазируфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2159
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13210
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6525
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7738915

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?