Матни равон

Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як давраи гузариши печидаеро аз сар гузаронид, ки дар саҳифаҳои таърих ҷовидон хоҳад монд. Душманони Ватану миллати тоҷик, махсусан ҳизби терррористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ бо ниятҳои разилонаву амалҳои нопок теъдоди зиёди ҷавононро бероҳа намуда, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайни онон ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд.

Тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки дар он кирдорҳои нобахшидании аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шуд. Филми мазкур амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад. Чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.

 

Ҳодисаҳои рӯи навор омада хиёнати ин гурӯҳи ҷинояткор ва фурӯхташударо ошкор месозад, ки барои насли имрӯзи мо сабақи калони таърихист. Шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунанд, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зурӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин раванд, шоҳидон онҳое, ки маблағҳои ҳангуфтро таввассути писари Кабирӣ барои анҷом додани ин амали террористӣ ба Абдуҳалим Назарзода дода буданд, бо далелҳо тасдиқ мекунанд.

Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тактикаи пешгирифтаи онҳо буда, фақат ҳамин барояшон роҳат мебахшад.

Муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои ободтар шудани ватани худ ҷаҳд кунем.

Филми мустанад моро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар як зарраи хоки Ватани аҷдодии худ содиқ буда нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвари моро халалдор созад. Зеро дар ҳама давру замон сарҷамъиву муттаҳидӣ метавонад ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлубу дасисабозиҳои ҳаргуна ноҷавонмардон посухи сазовор диҳад.

Сайҳуна Шарифзода,
мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1852
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3139
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21212
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13250
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102037
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3097846

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?