Матни равон

Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа, дар ҳамин ҷо Парчами миллиро парафшон намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар мегирад. Баландии Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил дода, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, ки ба тамоми вазъи боду ҳаво муносиб мебошад, бунёд ва таҳкурсии он бо сангҳои гуногун оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буданд. Дар ин муддат сохтмончиёни маҳаллӣ бо назардошти меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва ин ҷоро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.

Хусусан атрофи иншоот бо шаклу услуби хоси меъморӣ оро ёфта, дар майдон гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Дар ду тарафи Парчами давлатӣ фаввораҳои зебо бунёд гардида, майдони Парчам ба пуррагӣ чароғон карда шудааст.

Сохтмони майдону парафшон намудани Парчами давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум дар тамоми шаҳру ноҳия ва марказҳои деҳот сурат мегирад. Аз ҷумла давоми чанд соли охир дар аксари ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Парчами давлатӣ қомат афрохт.

Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хистеварз, роҳҳои гирду атрофи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида, сокинони ноҳия бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳадаф доранд, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои чашмрас истиқбол гиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи чунин маконҳои фароғатӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   30.06.2020 Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   30.06.2020 Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   30.06.2020 Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Хистеварз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   30.06.2020

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:849
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7752
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61305
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7703225

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?