Матни равон

Ҳафтаи равон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «ҳафтаи мубориза бо терроризм» эълон шудааст, ки дар доираи он 10 вебинар ва мубоҳисаи интерактивӣ дар шакли онлайн баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни ифтитоҳи ҳафтаи мубориза бар зидди терроризм, чунин зикр намуд, ки: «Мо медонем, ки ДОИШ, «Ал-Қоида» ва филиалҳои минтақавии онҳо, инчунин фашистони навбаромад, ҷонибдорони волоияти наҷоди сафед ва гурӯҳҳои дигар, ки тухми адоват мекоранд, кӯшиш мекунанд, ки ихтилофҳо, низоъҳои маҳаллӣ, ихлоли идоракунӣ ва маҳрумияти одамонро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баранд».

Агар назари содае афканем, ки  чӣ боис шуд, то «ҳафтаи мубориза бо терроризм»-ро эълон намоянд фурсати фикр рондан лозим намеояд. Чун ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, ки бо вуҷуди фарогирии бемории ҳамагири коронавирус оламро гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мисли “болои сӯхта намакоб” ба қалбҳои пора-пора ва реш-реши инсоният панҷа халонда истодаанд. Дар замоне ки онҳоро мебояд боре дар фикри падару модар, аҳлу пайванд ва фарзандону наздикони худ бошанд, баръакс пайваста аз ин ҳолати бавуқӯъ омада сӯистифода намуда дар пайи роҳандозии амалҳои номатлуб ва “сарбаланд” назди хоҷагонашон ҳастанд. Он қадар беномусиву фасодкории онҳо зиёд гардидааст, ки дилҳояшон монанди Санги хоро гаштааст ва заррае меҳру шафқатро дар вуҷудашон пайдо кардан ғайриимкон аст. Оё боре онҳо чашм ба роҳии модаронро, оби дидагонашонро надидаанд, оҳи онҳоро нашунидаанд, бедорхобии онҳоро тасаввур накардаанд, ранҷу азобҳои дар ҳаҷри фарзан кашидаи онҳоро дарк накардаанд?. Фикр кунем, ки дидаанд, аммо дилҳои пур аз фасоду бераҳмгашта ва чашмони хунгирифтаашон иҷозат намедиҳад, ки ин ҳолатҳоро дарк кунанд. Қатлу ғоратгарӣ, бераҳмиҳои зиёд, поймол намудани ҳуқуқҳои умумибашарӣ ва таҳдиди онҳо ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ СММ водор сохт то «ҳафтаи мубориза бо терроризм»-ро эълон намуда дар доираи он масъалаҳои марбутаро ҳаллу фасл намояд. Ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Чун терроризм имрӯз ба куллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид карда истодааст. Кишварҳои олам дар ҳамкории якҷоя ва бомаро пеши роҳи ин вабои асрро гирифта метавонанд.

Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд. Ташкилотҳои террористии баромади тоҷикидошта бошад, зери ниқоби «даъвогарони демократия, ҳомиёни ҳукуқи инсон ва миллатдӯст» зери ҳимояи хоҷагони хориҷӣ ҳар рӯз ниқоби худро иваз мекунанд, вале дар асл ҳамон нотавонбинонанд, ки қудрати дидани пешравӣ ва дастовардҳои миллатро надоранд.  Маълум аст, ки роҳбарони ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстермистӣ дошта манфиати шахсиро аз ҳамагуна муқаддасот ва нангу номус пешгузошта баҳри моли ночизе, ки бо гузашти замон аз он заррае ба мерос намемонад, вале як умр номи онҳоро бо хатти сиёҳ дар саҳифаи таърихи миллат ҳамчун хоин сабт мекунад арзишҳои миллиро мефурӯшанд.

Онҳо сомонаҳои иҷтимоиро макони таблиғоту иғвоангезӣ ва ба шур афкандани мардум истифода кардаистодаанд. Замони имрӯз, ки сомонаҳои иҷтимоиро ба ҳамагон дастрас намудааст, шояд имкон дода тавонад, то баъзе аз шахсиятҳо ноогоҳ ва камшуур ба доми онҳо афтаанд. Вале мардуми бофарҳанг, бомаданият, боғурур, ҷавонмард, ҷасур ва адаолатпарвари тоҷик, ки рӯзҳои сахтеро паси сар намудааст ба ин имкон намедиҳад. Имрӯз мардум хуб дар кардаанд, ки сад сол ва ҳатто ҳазор сол гузарад “ХОИН, ХОИН МЕМОНАД!” ва бинобар ин зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ҳифзи марзу буми Ватанро бо арзиши ҷон мехаранд. ЗИҲӢ МАРДУМИ САОДАТМАНДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси МДРИ-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:406
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3228
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14541
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25631
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43585
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:105295
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3233476

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?