Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 20 воситаҳои ахбори умуми ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар ибтидо доир ба фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли 2020 суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шуда, нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт иҷро гардид. Дар ин давр ба қисми даромади буҷети давлатӣ 63,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,7 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 413 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 18,1 миллион сомонӣ буда, 19,7 миллион сомонӣ ё 109,3 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,7 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳр сол аз сол афзоиш ёфта, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 1 миллиарду 244,7 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 93,2 фоизро ташкил дод. Дар ин давра 3 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурўъ намуданд. Дар маҷмўъ барои 165 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазъи қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 18,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 91,3 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 46,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Дар маҷмўъ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шуданд. Баҳри истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 129 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра дар маҷмўъ 640 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зиёда аз 1926 оила ба маблағи зиёда аз 399,5 ҳазор сомонӣ маводи хўрокворӣ ҳамчун кумак расонида шуд.

Доир ба рушди соҳаи туризм дар шаҳр зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 924 меҳмонони хориҷӣ ва 6648 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгохҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмўъ дар шашмоҳаи аввал 7572 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якум аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 6 миллиону 454 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 1 миллиону 412 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Сипас, Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба саволҳои рӯзноманигорон, аз ҷумла ҷиҳати тақвияти корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии КОВИД-19, бурдани корҳои безараргардонӣ, вазъи гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш, таъмини таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру шаҳракҳо, таъмини маводи ниёзи мардум ва оби нӯшокӣ, доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷинояткорӣ дар байни занон ва ҷавонон, корҳои ободокорӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва амсоли ин посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:353
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3228
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14488
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25631
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43532
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:105295
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3233423

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?