Матни равон

22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор бо ҷараёни парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.

Талабшо Давлатов бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода менамоянд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавгилӣ кишти зироати лубиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз як замин аз ду то се ҳосил ба даст меорад.

Истифодаи мақсадноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам овард, ки ин оила ҳосили фаровони сабзавоту полезӣ рӯёнида, сатҳи зиндагии худро баланд бардоранд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лӯбиё, наску нахуд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин қариб 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки аксари он ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ маҳз дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ оилаи Давлатовҳо дар шаҳри Ҳисор ҳосили дилхоҳи помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, картошкаву пиёз, ҷуворию лӯбиё, караму сабзӣ, сирпиёз ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мегиранд. Ҳамин тариқ заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.

Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор фаъолияти назаррас дошта, баробари таъмини аҳли оилаи худ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Аз меҳнати садоқатмандона ва муносибати дилсӯзона ба замин дастурхони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат гардида, сатҳи некуаҳволиашон сол то сол беҳтар мегардад. Захира намудани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум саҳм хоҳад гузошт.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Давлатовҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.

Саҳни ҳавлӣ бо гулҳои рангоранг зиннат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебоиписандии ин хонавода дарак медиҳад.

Талабшо Давлатов асосан табиб аст ва 27 сол инҷониб ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:214
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3228
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14349
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25631
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43393
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:105295
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3233284

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?