Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб баргузор гардид. Ҷамъомадро сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Гулсанам Пӯлодиён ифтитоҳ бахшид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода тамоми кормандони соҳаи тибби шаҳрро ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборакбод намуд. Зикр гардид, ки табибони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” имрӯз иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ ва бо рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

 

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин замина, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Рушд ва такомули соҳаи тиб, қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароит ва вазъият рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Дар ин раванд​ диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Барои таъмиру тармим, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Алҳол дар ҳудуди шаҳр 25 муассисаҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин муассисаҳо беш аз 120 нафар табиб ва 366 нафар корманди миёнаи тиб фаъолияти пурсамар доранд. Дараҷанокии тахассусии табибон 65 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 40 фоизро ташкил дода, таъминотнокии бо табибон дар ҳудуди шаҳр ба даҳ ҳазор нафар аҳолӣ ба 25 нафар ва бо ҳамшираҳои тиб ба 79 нафар баробар мебошад.

Сартабиби беморхонаи шаҳр Гулсанам Пӯлодиён зимни баромади худ аз дастовардҳои табибони шаҳр тазаккур дода, нисбати дастгирии доимӣ ва ғамхории пайваста ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории табибони гулистониро изҳор намуд.

Дар вазъи тантанавӣ ба пешоҳангони соҳаи тибби шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2171
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14351
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47950
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689870

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?