Матни равон

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии мардум самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Иди касбии кормандони тиб имсол дар арафаи ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Таҷлили иди касбиро ба кулли кормандони соҳаи тибби шаҳр табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд таманно дорам.

Табибони шаҳр имрӯз иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ ва бо рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар ба ин самти ҳаётан муҳиму тақдирсоз аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои рушди соҳа, бунёди муассисаҳои тиббӣ, озмоишгоҳҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароит ва вазъият рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Дар ин раванд​ диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Барои таъмиру тармим, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизот маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Аз сабаби дар бисёр давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидани вируси сироятии коронавирус (COVID-19) дар олам ҳолати пандемия эълон гардид. Чанд моҳ аст, ки ҷаҳониён бар зидди ин вирус мубориза бурда истодаанд. Дар шаҳри мо низ ниҳодҳои махсус барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус ташкил гардид, дар ин раванд корҳои зиёде ба сомон расонида шудаистодаанд.

Дар ин радиф нақши кормандони соҳаи тиб назаррас аст, зеро табибон, ҳамширагони шафқат шабонарӯзӣ барои раҳоӣ ёфтани шахсони ба ин беморӣ мубталошуда мубориза бурда истодаанд. Ба кормандони соҳаи тиб, ки дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус дар сафи пеш қарор доранд, мардум хизмати садоқатмандонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, изҳори сипос менамоям.

Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!

Итминони комил дорам, ки Шумо ҷавобан ба ғамхориҳои пайваста дастовардҳои худро боз ҳам афзун намуда, баҳри саломатии инсон ва ояндаи нек​ меҳнати шоиста менамоед.

Бори дигар бо самимият тамоми кормандони соҳаи тибби шаҳри Гулистонро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тандурустӣ, бахту иқболи нек ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

​Ҳамеша сарбаланд ва саодатманд бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1664
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18011
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51610
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693530

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?