Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” конференсияи 24–уми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси кумитаи иҷроияи гулистонии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён кори конференсияро оғоз бахшида, дар ибтидо вакилон коммисияи мандатӣ, котибот ва ҳайати таҳририяро интихоб намуда, рӯзномаи конференсияро тасдиқ карданд.

Доир ба омодагии ташкилотҳои ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд. Зикр гардид, ки алъон дар теъдоди аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳр 4325 нафар буда, ҳизбиён дар 40 ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти густурда доранд. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилотҳои ҳизбӣ гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ташкил гардида, корҳо тибқи нақшаи алоҳида ҷараён доранд. Ҳизбиёни шаҳр аз тамоми имконияту шароитҳои созгор барои таъмини муташаккилона баргузоршавии ин чорабинӣ истифода бурда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва баргузории он мусоидат хоҳанд кард. Дар музокираи маърӯзаи асосӣ вакилон Лоҳур Нарзишозода аз ташкилоти ибтидоии “Апрелевка”, Сарҳад Баротзода аз ташкилоти ибтидоии “Адрасмон”, Равшан Ахмедов аз ташкилоти ибтидоии “Сирдарё” иштирок намуданд.

Сипас вакилони конференсияи шаҳрӣ ҳайати вакилонро иборат аз 11 нафар ба конференсияи 14–уми ғайринавбатии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карданд.

Дар кори конференсияи 24–уми ғайринавбатии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода ва намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба пешоҳангони фаъолияти ҳизбӣ медалҳои ҷашнӣ, сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи иҷрояи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, инчунин дар вазъи мутантан ба гурӯҳи калони аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Кори конференсияи 24–уми кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интиҳо расид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1124
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12175
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5490
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737880

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?