Матни равон

Он гунае, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сосмонаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ доштем моҳи августи соли ҷорӣ дар кишвари Белорусия интихоботи президентӣ баргузор мегардид.

Дар ин миён саҳифаҳои маҷозӣ ба баҳсҳои доманадор андармон буданд. Мувофиқи таҳлили коршиносон вазъият дар кишвари Белоруссия ҳанӯз дар охирҳои соли 2019 ба мураккабшавӣ рӯ ниҳодааст. Мухолифин ки дар ҳар як давру замон дар ҳар кишвари дунё вуҷуд доранд, ингуна вазъиятро мехоҳанд сад дар сад истифода бубаранд. Мухолифини кишвари Белоруссия низ ин фурсатҳоро муҳим шуморида ҳанӯз як сол қабл аз интихоботи президентӣ даст ба кор шуданд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо ин ба даст овардани ҳокимият аст. Вале дар аксар вақт онҳо фикри онро намекунанд, ки барои ба ҳадаф расиданашон бо роҳҳои ғаразнок чӣ қадар зарарҳои моддию, маънавӣ ва ҷонӣ ба миён меоранд. Мухолифони ҳукумати Белоруссия бо сиёҳ намудани шахсияти роҳбари кишвари худ ва ангехтани кинаву адоват нисбат ба ӯро дар миёни ҷомеа яке аз ҳадафҳои кори худ қарор доданд. Ин амлро онҳо бо воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшиданд. Ҳамзамон аз саҳифаҳои интернетии пурхонанда ба мисти телеграм истифодаи васеъ намуда чандин саҳифаҳоро эҷод намуда, мардуми зиёдеро ба таблиғ фаро гирифтанд. Блогерон низ саҳни кушоди ҳунарнамоиро дида, то ҳадди имкон ба афкори мардум нобовариву бадбиниро нисбати ҳукумат зиёд намуданд. Натиҷаи дигари ба даст овардаи мухолифин ин ба таблиғ ҷалб намудани шахсиятҳои маъруфи кишвар аз сохторҳои гуногун буд. Дар воқеъ, вақте ки як шахсияти соҳибобрӯ ба ин кор даст мезанад, шахсони бисёре аз ӯ пайравӣ мекунанд. Ҳамзамон, нашриётҳои пурнуфузи Ғарб аз қабили “Радиои озодӣ” ва дигарҳо дар пайи нашри маълумотҳои иғвоангезона ба муқобили ҳукумати кишвари Белоруссия шуданд, ки дар ин кор кишварҳои абарқудрат даст доранд. Дар ниҳоят мухолифин дар фазои маҷозӣ кори лозимаро анҷом доданд.

 

Роҳабари кишвари Белоруссия Александ Лукашенко бошад аз нигоҳи таҳлилгарон дар арафаи интихоботи президентӣ ба таблиғу ташвиқ машғул нагардид ва аз паёмадҳои пешмеомада гарчанде ки то андозан огаҳӣ дошт чораҷӯии амиқ накард. Қувваву эътимоди ӯ ба неруҳои муҳофизатии кишвар равона карда шуд. Онҳо омода буданд ҳар эътирозу нобасомониро пахш кунанд.

 

Ҳамин тавр ҳар чӣ қадар, ки фурсат ба интихоботи президентӣ наздиктар мешуд сару садоҳо дар мавриди он зиёд мегардид. Баъзе аз шахсиятҳо ба хотири барангехтани кинаву адоват нисбати ҳукуамт боздошт мешуданд ва баъзе аз эътирозгарон низ.

 

Ниҳоят дар таърихи 9-уми август марҳилаи асосии итихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Белорусия баргузор гардид. Дар интихобот панҷ номзад ширкат варзиданд. Мувофиқи натиҷаҳои қаблӣ дар интихобот Александр Лукашенко бо гирифтани 80,1% овозҳо ғолиб омад. Вале мухолифин ба ин розӣ нагардиданд ва боз аз пайи амалҳои иғвоангезона гардида даст ба эътироз ва корпартоиву дигар амалҳо заданд. Имрӯзҳо аз тариқи оинаи нилгун мебинем, ки дар шаҳрҳои гуногуни Белоруссия мардум ба кӯчаҳо баромада даст ба эътиро доранд. Охири ҳар як эътирозу нобасомонӣ танҳо харобиорӣ ва зиён ба буҷаи кишвар асту бас.

 

Соли ҷорӣ кишвари мо низ чунин як маъракаи муҳим ва тақдирсозро аз сар мегузаронад ва бинобар ин аз ҳар як шаҳрванди кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳарфи ҳаргуна афрод ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бовар накунанд. Имӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ мухолифини кишвари мон низ то андозае ба амалҳои хусусияти иғвоангезона дошта даст зада истодаанд. Вале мардуми бофарҳанг ва бошуури кишвар намегузоранд, ки нохалафон амалҳои ғаризонаи худро амалӣ намоянд.

 

Пас моро мебояд, ки якдилу якмаром гардида роҳи дурусти зиндагӣ ва ободии кишвари худро созем.

 

АҲЛИДДИН АБДУРАҲМОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1226
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12277
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5592
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737982

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?