Матни равон

Дар асри XXI ки ҳамагон онро асри илму техника ном мебаранд, дунёи муосир бо тарзи густурда пеш меравад. Дар ин миён давлатҳои мутараққӣ аз воситаҳои гуногун истифода намуда бо суръати бештар ба муваффақият ва комёбӣ ноил мегарданд.

Давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ мекӯшанд, ки дар ин корзор пирӯзӣ ба даст оранд ва сатҳи некуаҳволии зиндагии мардуми худро таъмин намоянд. Давлатҳои ақибмонда ва давлатҳое, ки сатҳи зиндагонии аҳолиашон дар сатҳи паст қарор доранд боз дастнигари давлатҳои бузург мешаванд. Дар ин миён якчанд созмонҳи бонуфузи ҷаҳоние ҳаст, ки бо иқдомҳои ғамхорона ба кишварҳои аҳолиашон дар сатҳи пасти зиндагӣ қарор дошта дасти кӯмак дароз мекунанд.

Халқи олам аз ғамхориҳои чунин созмонҳо изҳори сипос мекунанд. Дар ин миён давлатҳои абарқудрат низ аз ҳиммати бузург ва инсонпарварии худ дарак дода ба мамоликҳои ниёзманд дасти кӯмаки худро дареғ намедоранд. Дар соли ҷорӣ бемории сироятии Ковид – 19 гуфтаҳои моро собит месозад, яъне давлатҳо ва созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ ба кишварҳои осебпазир то ҳадди имкон кӯмакӣ башарӣ намуданд. Ҳамчунин ба ҷуз аз кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои бонуфуз ҳастанд ширкатҳои хусусӣ ва шахсони хайрхоҳе ки онҳо низ дар миён бетафовут нестанд ва баҳри ҳаёти осудаи инсоният қадре ҳам бошад саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аммо дар ин миён баъзе аз давлатҳо, созмонҳо, ҳаракатҳо ва афроде ҳастанд, ки амалҳои хайрхоҳонаи худро боғаразона амалӣ мегардонанд, ки ин ба ҳаёти инсоният ва ояндаи он таъсири манфӣ мерасонад. Инро мо дар симои гурӯҳҳои манфиатхоҳу тундрав дида метавонем. Бинобар ин моро лозим аст, ки аз ин ҷиҳат низ огоҳ бошем ва нагузорем, то манфиатхоҳон бо ин роҳ ба ҳадаф бирасанд.

Боиси хушнудист, ки ҳамасола дар олам санаи 19-уми август ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии кӯмаки башардӯстона” таҷлил карда мешавад. Бо шунидани чунин ҷашнвора бори дигар мардуми олам лаҳза тафаккур мекунад ва дар фикри кӯмак ба эҳтиёҷмандон мешавад. Ҳамчунин эҳтиёҷмандон низ аз ин санаи фархунда истиқбол мекунанд ва эҳсос мекунанд, ки инсоният (беҳтарин махлуқ) дар рӯи олам ариш дорад ва новобаста аз ҷинс, наҷот ва миллат ба ҳамдигар дасти хайру саховатро боз мекунанд. Дар ин маврид бузургони форсу тоҷик ҳарфҳо ва нуктаҳои зиёд гуфтаанд ва инҷо иктифо мекунем ба каломи рангини Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:

Ҳазор салтанати дилбарӣ бад-он нарасад,

Ки дар диле ба ҳунар хешро бигунҷонӣ.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси МДРИ-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1050
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12101
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5416
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737806

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?