Матни равон

Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа канали худҷореъ асосан аз минтақаҳои душворгузар, талу теппаҳо мегузарад ва бунёди он имконият медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ карда шавад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон, дар ин замина 247 гектар заминҳои корам, 68 гектар замини боғот бо оби полезӣ таъмин гашта, ҳамчунин 17 гектар замини наздиҳавлигӣ обёрӣ карда мешавад. Дар ин баробар бо амалӣ гаштани тарҳи мазкур 105 гектар замини бекорхобида низ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.

Дар асоси лоиҳаи мазкур ҳамчунин оби полезӣ то ба деҳаи Дашти Луч низ расонида мешавад, ки ин иқдом, бешубҳа, ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншооти обрасонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва технологияи муосир бунёд гардида, аз сарбанди обгирӣ, иншооти селгузар, қубурҳои зерироҳӣ, дарвозаҳои танзимкунанда ва минтақаи сусткунии фишори об иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд,  ки хок ва обу ҳавои минтақаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзиву парвариши ғалладонагӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ мусоид буда, пас аз амалишавии ин тарҳ дар ноҳияи Дарвоз имконият барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мевагӣ бештар хоҳад шуд. Бояд зикр кард, ки бо истифода аз имконоти табиии минтақаи мазкур аллакай дар ҳудуди мавзеи Дашти Луч чанд боғи нав бо усули обёрии қатрагӣ бунёд гардидааст, ки қисмати он дар ҳоли нашъунамо қарор дошта, дарахтони боқимондаи майдони боғот  ба ҳосил даромадааст.

Сохтмони канали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида  оғоз ёфта,  ҳамчунин барои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин иқдоми муҳим барои аҳли башар  аст, мусоидат хоҳад кард.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, ин лоиҳаро сари вақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1726
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12777
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6092
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7738482

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?