Матни равон

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии «Ватан» шинос шуданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ бо рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешаванд.

Хоҷагии деҳқонии «Ватан» соли 2008-ум таъсис ёфта, дорои 28 гектар замин мебошад. Аз ин ҳисоб 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.

Хоҷагӣ 18 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзори он 10 намуд, асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешавад.

Соли ҷорӣ ҷамъоварии ҳосил беш аз 100 тоннаро ташкил дод.

Имсол дар хоҷагии деҳқонии «Ватан» парвариши навъи нави ангури Президент ба роҳ монда шуд.

Роҳбари хоҷагии «Ватан»-ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба уҳда дорад.

Неъматҷон Усмонов муассиси Хоҷагии деҳқонии «Неъмат Ҳоҷӣ» аст ва роҳбари ин хоҷагӣ писари ӯ Расул Неъматов мебошад.

Хоҷагии деҳқонии «Неъмат Ҳоҷӣ» дар майдони 105 гектар доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

Дар ин хоҷагӣ ҳамзамон дар 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёндани ғалладонагию парвариши чорво низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Коргарони хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» шинонида, аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Дар токзори хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.

Соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ хоҷагӣ беш аз 100  тонна маҳсулоти хушсифатро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Дар хоҷагӣ барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза сардхона бунёд гардида, ғунҷоиши он беш аз 800 тоннаро ташкил медиҳад.

Коргарони хоҷагӣ ҳамчунин дар парваришу тайёр кардани ниҳолҳои гуногун таҷрибаи бой доранд.

Дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ беш аз 30 намуди ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат роҳбарияти хоҷагиҳои «Ватан» ва «Неъмат» дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб намунаи ибратанд.

Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии «Эҳсони Сомониён» таъсис ёфта, сарпарастии 45 нафар шахси ниёзмандро ба уҳда дорад.

Сари ҳар вақт аз ҳисоби даромади хоҷагӣ ба ин табақаи ниёзманд маводи хӯрокворӣ, сару либос ва пойафзол дастрас карда мешавад.

Инчунин хоҷагӣ дар бунёди роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳмгузор аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои кори боғдорон шинос шуда, барои парвариши ҳосили хуб, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии шаҳри Турсунзода, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷрибаи бойи боғпарварии ин хоҷагӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври самаранок истифода мешавад ва ин сабаби рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъсиси садҳо ҷойи корӣ дар мамлакат  мегардад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1137
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10310
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38869
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771259

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?