Матни равон

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Корхонаи «Маърифатпарвар» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, Парки технологиро таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харидорӣ карда, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардонидаанд.

Таҷҳизоти мазкур имкони дар як шабонарӯз хушк намудани то се тонна меваҷоту сабзавоти тару тозаро доро буда, тавассути он технологияи хушксозии пиёз, сабзӣ, қаламфури булғорӣ, картошка ва ғайра таҷриба карда мешавад, ки дар оянда содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Хати технологӣ таҷдид шуда, тавассути ангишт фаъолият мекунад. Дар Парки технологӣ кормандони доимиву мавсимӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона ташаббуси мазкурро ибратбахш арзёбӣ карда, дастур доданд, ки ин таҷриба дар дигар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии мамлакат тавсиа дода шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Парки технологӣ фарогирии дувоздаҳ бахшро пешбинӣ карда, дар нақша аст, ки бахши сайёҳӣ, шуъбаи табъу нашр, сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи хӯрокҳои умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, сехи таълимӣ — истеҳсолии коркарди чӯбу метал ва сангҳои ороишӣ, боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор бигиранд.

Дар айни замон бахши боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, инчунин сехи мевахушккунӣ фаъолият карда истодааст.

Муассисаи таълимию истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Маърифатпарвар» соли 2018 дар собиқ бинои заводи тамоку таъсис дода шуд. Ҳоло бинои мазкур пурра азнавсозӣ шуда истодааст. Дар бинои таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» 77 синфхона, 27 утоқи корӣ барои кормандон, 8 ҳуҷра барои меҳмонон, толори китобхона барои 400 ҷойи нишаст, осорхона, толори китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ бо фарогирии бештар аз 200 ҷойи корӣ аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии назди Донишкада, хобгоҳ барои 400 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён, литсей барои кӯдакони болаёқат, утоқҳо барои озмоишгоҳҳо, корхонаи коркарди меваю сабзавот, сардхона барои нигоҳдории 1,5 ҳазор тонна меваю сабзавот, гармхона, сехи коркарди чӯбу тахта, корхонаи хиштпазӣ, сехҳои кафшергарӣ ва челонгарӣ, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол, воллейбол, баскетбол, майдончаҳо барои бозиҳои тенниси рӯйи миз, билярд, майдончаи гӯштингирӣ ва ғайра сохта ба истифода дода мешаванд.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва сардхона, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада, муассисаи «Маърифатпарвар» ва Парки технологӣ фаъолияти худро мутамарказ ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сифати таълиму тадрис ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани донишҷӯён тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунанд.

Фаъол кардани коргоҳи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ низ аз зумраи иқдомҳои шоистаи муассисони корхонаи «Маърифатпарвар» маҳсуб ёфта, он дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ, инчунин метавонад заминаи устувори таълимӣ-омӯзишӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада бошад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ, сехи меваи хушк ва сардхона, бо иловаи ҷалби кормандони мавсимӣ дар бахши аграрии муассисаи олии таълимӣ, теъдоди кормандон ба 350-400 нафар баробар мегардад.

Толори варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир карда шудааст, ки дар як вақт метавонад ҳамчун толори барҳаво ҷиҳати гузаронидани ҳамоишҳои сатҳи баланд истифода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи «Маърифатпарвар», ба сифати корҳои анҷомёфта ва тасмимҳои минбаъдаи соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки ба масъалаи илму ҳунаромӯзии донишҷӯён диққати бештар равона карда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2195
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2604
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16505
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20167
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34793
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8779520

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?