Матни равон

Вақте дар бораи Истиқлолияти давлатӣ сухан меронем, мо бояд сараввал нигоҳе ба таърих карда, бо ғурури миллӣ ва ифтихор иброз намоем, ки тоҷикон аз қадим соҳиби тамаддуни фанонопазир ва давлати  мустақил буданд. Тӯли қарнҳо ин миллат асолати хешро нигоҳ дошта, солҳои 90-уми асри ХХ ба давраи навини Истиқлолияти хеш қадам ниҳодааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои Истиқлолият давлати тоҷикон ҳини фаношавӣ қарор дошта, бо матонат ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо умри дубораи хешро пайдо намуд. Тадриҷан буҳрони сиёсӣ, даргириву баҳсҳо ба анҷом расида, кишвари мо ба роҳи сулҳу осоиштигӣ ва пешрафту инкишоф қадам ниҳод. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, дар замони Истиқлолият тамоми ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши Ҳукумати кишварамон барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Сол то сол дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ афзун гардида, ҳамасола ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар марзи шаҳри Гулистон корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ, аз қабили ҶМКМДММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” арзи вуҷуд намудаанд. НБО-и «Дӯстии халқҳо» ҳамчун асосгузори бунёди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” аз соли 1957 инҷониб барои хоҷагии халқ неруи барқ истеҳсол менамояд. Дар маркази шаҳр инчунин корхонаи калони ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» фаъолият доранд. КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” аз солҳои 50-уми қарни гузашта ба корҳои ҷустуҷӯи конҳои нав, ташхис ва таҳқиқи захираҳои обу авзои гидрогеологии Тоҷикистони шимолӣ ва дигар минтақаҳо машғул аст.

Вусъат ёфтани фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистонро метавон бо он нишондод қайд намуд, ки ин корхонаҳо бо беш аз 21 кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона то имрӯз ба 35-то расида,  номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 адад ба 64 номгӯй баробар шудааст.

Агар 29 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, дар соли 2019 ин нишондиҳанда ба беш аз 3,2 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса қариб 360 маротиба зиёд шудааст.

Дар ҳашт моҳи соли равон ба соҳаи иқтисодиёти шаҳр 100,8 миллион сомонӣ сармоягузориҳо ҷалб гардида, аз он 50,9 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 49,9 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ мебошанд. Аз ин шумораҳо метавон гуфт, ки сол то сол сармоягузорӣ ба соҳаи иқтисодиёт афзуда истодааст.

Дар соҳаи маорифи шаҳр дар даврони Истиқлолияти давлатӣ се бинои мактабҳои нав дар маркази шаҳру деҳаҳои Зарчашма ва Гулдара сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин дар шаҳр гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда дар маркази шаҳр, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Зарчашма ва Гулдараи шаҳраки Адрасмон кушода шуданд.

Комплекси варзишӣ-солимгардонӣ, майдонҳои варзишӣ дар маркази шаҳр ва минтақаи фароғатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Осорхонаи шаҳр дар бинои шуъбаи фарҳанг ташкил ёфта, дар он экспонатҳои мухталифи марбут ба таърихи шаҳру шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои гирд оварда шудаанд.

Барои инъикос намудани падидаҳои ҳаёти ҷомеа, васеъ гардонидани иттилоотнокӣ ва дастрасии мардум ба иттилоот ҳафтаномаи «Соҳил» таъсис дода шудааст.

Вобаста ба соҳаи туризм ва ҳифзи тандурустӣ осоишгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ бо номи «Баҳористон», «Соҳил», «Наврӯз-2000», «Далер-777», Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Фирӯз - плаза» сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Дар давоми ду сол- солҳои 2018-2019 бо мақсади ба таври арзанда истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон 129 иншооти ҷашнӣ ба маблағӣ беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти ин иншоотҳо беш аз 400 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, мардум бо меҳнат ва музди маош таъмин гардидаанд.

Майдонҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакистони «Парасту», бинои истироҳатӣ дар осоишгоҳӣ ҶДММ «Баҳористон», сехи истеҳсоли ришта дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Мурғи аълосифат», коргоҳи коркарди қоғаз дар заминаи корхонаи ҶДММ «Сахо ва К» ва истироҳатгоҳи панҷошёнаи «Суғдиён» аз ҷумлаи иншоотҳои навине мебошанд, ки бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон аз худ дар ҳақиқат гулистонеро мемонад, ки бо гулҳои рангоранг бо ҳазорон тобишу ҷилои нотакрору мафтункунанда тамоми сокинони кишварро хушнуд мегардонад.

Хушбахтона, мо самараи Истиқлолияти давлатиро, яъне сулҳу ваҳдати халқамонро дар ҳама ҷода мушоҳида менамоем. Мо дар пешрафту инкишофи кишварамон якдилу якмаром, сарҷамъ ва муттаҳид ҳастем. Умед аст, ки ин дӯстиву рафоқат моро сӯи ояндаи нек, сӯи бунёди давлати мутамаддину замонавӣ ва соҳибистиқлолу демократӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1752
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2827
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12031
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24026
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1752
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97206
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3386702

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?