Матни равон

15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Рахшона” соли 2009 ташкил гардида, феълан 562 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад.

Хоҷагии мазкур дар ҳудуди ноҳия яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб рафта, дар пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагидорон бо тухмии хушсифати пахта, ҳамзамон дар самти таъминоти дигар шаҳру ноҳияҳо бо чунин маҳсулот саҳм дорад. Шумораи кормандони он 450 нафарро дар бар мегирад.

Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 301 гектар кишти пунбадона гузаронидааст, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт айни ҳол ҳосили интизорӣ 35-сентнерӣ муайян шудааст.

Дар хоҷагӣ асосан навъи пахтаи “Дӯстӣ — 1”, “Флеш”, “Иншад — 2” парвариш карда мешаванд, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошанд.

Аз ҳисоби кишти пахта хоҷагӣ ҳамасола фоидаи хуб ба даст меорад. Ҳамчунин дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, дар масоҳати 140 гектар гандум, 60 гектар юнучқа, 21 гектар макаи дон ва 40 гектар боғҳои навъи ҳархела парвариш карда мешаванд.

Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани якчанд ҳосил тадбирҳои судманд амалӣ менамоянд.

Тибқи нақша, бояд имсол дар масоҳати 150 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт шавад. Дар қисми боқимондаи заминҳои дар ихтиёрдошта кишоварзон ҷуворимакка корида, ҳамчунин ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯроки чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои фермаи хурди чорвопарварӣ буда, талаботи худро бо хӯроки чорво қонеъ мекунад ва ҳамасола хӯроки чорворо ба фурӯш низ мебарорад.

Пешвои муаззами миллат аснои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии “Рахшона” ва рафти чиниши ҳосили имсолаи пахта таъкид доштанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди имсола ва истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда баҳри бе талаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ диҳанд.

Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки масъулин ва аҳли кормандони хоҷагӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд.

Хоҷагӣ 3 бошишгоҳи саҳроӣ дошта, ҳамаи онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти техникии корӣ таъмин мебошанд.

Имкониятҳои фароҳамшуда ва таҷрибаи зиёди корӣ сабаби он гардидааст, ки ҳамасола бо густариш ёфтани фаъолияти хоҷагӣ номгӯй ва миқдори маҳсулоти соҳа зиёд карда шавад.

Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хосса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими мамлакат кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.

Бо мақсади коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати шири худӣ соли 2019 дар назди хоҷагӣ сехи коркарди шир таъсис дода шуд, ки айни замон қаймоқ, ҷурғот ва равғани зард истесол менамояд.

Самти дигари фаъолияти хоҷагии “Рахшона” он аст, ки ҳамасола хоҷагидорон барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироат истеҳсол менамоянд.

Тибқи маълумот, аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 800 тонна тухмӣ гирифита шуд. Ба ғайр аз ин ҳамасола хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020” саҳми арзишманд мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2278
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18625
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52224
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7694144

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?