Матни равон

Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.

Аз руи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии «Моҳии тоҷик»- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Даромад аз фуруши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар ҳудуди ҳоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 га боғҳои меваҳои гуногун ва заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хуроки моҳӣ ташкил карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушд додани соҳаи моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1554
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3892
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9789
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20167
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:28077
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8772804

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?