06 Октябр 2015
Барои дарёфти Ҷоми анъанавии Федератсияи футболи вилояти Суғд бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Шаҳристон»-и Шаҳристон ва «Қайроққум»-и Қайроққум дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қайроққум рӯзи 5 октябр доир гардид.
Дар дақиқаи сенздаҳум ба ҳамлагари беҳтарини дастаи «Қайроққум» Фаррух Ниязов муяссар гардид, ки бо дарвозабони дастаи меҳмонон як ба як баромада тӯбро вориди дарвоза намояд. Ҳамлагари дастаи «Шаҳристон» Умед Ҳоҷимаҳмадов дар дақиқаи 32-юм ҳисоби бозиро баробар кард. Дар қисми дуюми бозӣ яке аз ҳамлагарони дастаи шаҳри мо Анвар Норқулов дар дақиқаи 75-ум туби навбатиро вориди дарвозаи меҳмонон намуда, пирӯзии футболбозони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»-ро таъмин кард. Ҳамин тавр, даври ниҳоии мусобиқа ба ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт.
Муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Рустам Марофиев ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилдора Ҳомидова Ҷоми мусобиқаю медалҳоро ба дастаи ғолиб ва бозингарони беҳтарин тақдим намуданд.