Матни равон

Бардошт аз тамошои филми мустанади “Хиёнат”

Гузашти вақту замон чун санги маҳак дӯстро аз душман, ходимро аз хоин, хешро аз бегона ва сараро аз сақат нишон дода, чеҳраи воқеии ашхосро бозтоб менамояд, ки дар натиҷа мақсаду мароми аксари инсонҳо барои ҳамагон бармало мегардад. Сипарӣ шудани замон чун оинаи тамомнамо зиндагиву аҳдофи одамҳоро дар хеш мунъакис намуда, барои мо шароит фароҳам мекунад то бо онҳо аз надик ошноӣ пайдо намоем ва дарк созем, ки кадоме дӯстонаву кадоме душманона роҳандозӣ гардидаанд.

Мутаассифона, фитрати инсон чунон сиришта шудааст, ки ба таври бояду шояд маърифат намудани он басе сангин буда, таҷрибаву маҳорат ва замони мадидро тақозо менамояд. Маҳз ин муҳол будани шинохти асолати инсон барои саривақт донистани мақсаду мароми ашхос мушкилӣ эҷод мекунад ва мо наметавонем дар вақти зарурӣ дӯстро аз душман фарқ намоем. Ҳадаф аз зикри ин нуктаҳо баён намудани андешаҳо дар ҳошияи қисмати ҷадиди филми мустанади «Хиёнат», ки ба рӯзгору зиндагии нангини як идда нохалафон ва аҳдофи муғризонаи эшон бахшиад шудааст, мебошад.

Ашхоси нисбатан бузургсоли кишвар хуб дар хотир доранд, ки баробари тулӯи хурешди Истиқлолият, бо дастандаркории гурӯҳи кӯрдилон, инсонсуратони гургсиришт кишвар вориди буҳрони сиёсии шадид гардид, иқтисод то ба ҳадди сифр поён омад, мушкилоти иҷтимоӣ мавҷ зад. Бӯи парокандагиву беватанӣ ба машом мерасид, чеҳраҳо ғамзадаву яъсолуда, тозаниҳоли Истиқлол аз шиддати шамоли сунъӣ ва сардие, ки душманони миллат заминагузорӣ карда буданд, саропо меларзид. Мардуми манотиқи даргир аз тарси ҷон хонаву дари худро гузошта, рӯ ба ҳиҷрат ниҳоданд ва садҳо нафар аз онҳо дар ҳасрати рӯзгори осоишта ва нафас гирифтан аз ҳавои атромези Ватан бо сад дарду алам, дур аз зодгоҳу муқаррабон ин ҷаҳонро барои ҳамешагӣ падруд гуфтанд ва ормони бозгашт ба меҳани аҷдодиро бо худ ба хок бурданд.

Суоли матраҳ ин аст, ки сабабгори ин ҳама бадбахтие, ки бар сари миллат оварда шуд, омили марги ҳазорон нафар, боиси фалаҷ гаштани иқтисоди кишвар ва бепарастор мондани ҳазорон хонавода киҳо буданд ва мақсади эшон чӣ буд?

Таҷрибаи таърихи нишон медиҳад, ки иддае аз мардум наметавонанд мақосиди муғризонаи худро дар муҳити осоиштаву босубот пиёда созанд ва маҳз бо нияти амалӣ намудани нақшаҳои нопоки худ миёни мардум буҳрон ба вуҷуд оварда, бо таъбири халқ «обро лой намуда, моҳӣ медоранд».

Қисмати нави филми мустанади «Хиёнат» ба масъалаи ошкорсозии мақсади хоинони миллат дар солҳои навадуми асри бист ва оғози қарни нав тахсис дода шуда, аъмоли ноҷавонмардонаву ғайриинсонии онҳо бо ҳуҷҷат ва бурҳони қотеъ нишон дода шудааст, ки дидани ин манзараҳои мудҳиш наметавонад касро бетараф гузорад.

Дар ин филм, баробари масъалаҳои серушумори дигар хиёнатҳои нобахшидании душманони миллати тоҷик, доир ба куштори як гурӯҳ нухбагони мардуми тоҷик сухан рафтааст, ки  ҷои таассуф мебошад. Рафтори ваҳшиёнаи ин нохалафҳо воқеаҳои даҳшатбори таърих, аз ҷумла ҳамлаи лашкари муғулро ба ёд меорад, ки берун аз чаҳорчӯбаи инсониву бадтар аз рафтори ҳайвоноти даранда аст. Чунонки муғулҳо Шайх Атторро ба қатл расониданд, ин ҳайвонсифатон низ даст ба куштори шахсиятҳои барҷастае заданд, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳибэътибор буда, номи миллатро баланд мебардоштанд. Аз ҷумла, кушата шудани академик Муҳаммад Осимӣ аз ҷониби ин гурӯҳи ҷиноятпеша шикасти бузурге барои илми тоҷик буд, зеро «марги олим марги олам».  Барои тарбият намудану ба камол расонидани олими варзидае чун Муҳаммад Осимӣ солҳои тӯлонӣ зарур аст, аммо як тири ноҷавонмараде дар як лаҳза боиси гусастани риштаи рӯзгори ин нобиға гардид.

Рафтори ваҳшиёнаи ин роҳгумзадагон бо куштани академик Муҳаммад Осимӣ хотима наёфта, онҳо чун дарандаи ташнаи хун ҳамеша дар пайи фурсати муносиб барои амалӣ намудани нақшаҳои нангин худ буданд, то бо ин рафторашон садоқати худро барои хоҷагонашон нишон диҳанд. Онҳо олими барҷаста Минҳоҷ Ғуломов, рӯзноманигори чирадаст Муродулло Шерализода ва олими ҷопониро куштанд ва бо ин роҳ мехостанд шаъну эътибори Тоҷикстонро дар назди давлатҳои дигар паст зананд. Вале бехабар аз он ки ҳамаи аҳли олам асолат ва нақшаҳои онҳоро шинохт ва донист, ки ин корҳо барои кӣ ва ба хотири чи анҷом дода шуда буданд.

Имрӯз, хушбахтони миллати сарбаланди тоҷик ба марҳилае расид, ки дӯстро аз душман ва хоинро аз ходим шинохт ва донист, ки киҳо бо дастуру маблағгузории кӣ ин кишварро ба вартаи муҳлук раҳнамун сохтанд ва боиси марги садҳо ҳазор ашхоси бегуноҳ гардиданд. Филми мустанади «Хиёнат» аз рӯи амолу рафтори нангини ин тоифа пардаро баргирифта, чеҳраи воқеии онҳоро барои миллат муаррифӣ намуд. Умед аст, ки миллати тоҷик тавассути ин филм рафтори онҳоро хуб дониста, аз он дарси ибрат мегирад ва дигар барои ягон қувваи беруна дар қаламрави ҷумҳурӣ  ҷой намегузорад. Ин таҷрибаи талх барои миллати тоҷик ва наслҳои баъдина дарсе шуд, ки қарнҳо фаромӯш кардани он муҳол аст.

Таҳмураси ОДИНАЗОД,
шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3368
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5961
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39560
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681480

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?